Толибон* Facebook-ро ба саркуби озодии баён муттаҳам кард

© Sputnik / Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкДелегация талибов
Делегация талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Обуна шудан
Гурӯҳи Толибон* ҳазф ва масдуд шудани саҳифаҳои Фейсбукашон шикоят карданд
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон* аз рафтори ноодилона Фейсбук нисбати саҳифаҳои корбарони мақомҳои баландпоя ва ҳомиёни ин гурӯҳ интиқод кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба Interest.
Сухангӯи гурӯҳи Толибон* Фейсбукро ба саркуби озодии баён ва нақзи ҳуқуқи гурӯҳҳои исломгаро айбдор кард. Вай шикоят кард, ки ширкати Фейсбук дастрасии ин гурӯҳ ҳамчунон дар Instagram ва WhatsApp низ мамнӯъ кардааст.
Вай таъкид кард, ки Толибон* аз хидматрасонии ин ширкат маҳрум шудаанд, чунки ин гурӯҳ дар феҳристи таҳримҳои Амрико ҳамчун як созмони террористӣ қарор дорад.
Видео РИА Новости. Талибы открыли стрельбу на празднике Дня независимости - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Чигуна Толибон ҷониби издиҳоми мардум тир кушоданд - видео
Масъулони ширкати Фейсбук ахиран эълом доштанд, ки ин шабака фаъолият ва муҳтавои марбут ба гурӯҳи Толибонро шиносоӣ ва масдуд мекунанд.
Ба гуфтаи кормандони ширкат, барои ҳифзи минбаъдаи корбарон гурӯҳи алоҳидаи коршиносон оид ба Афғонистон таъсис дода шудааст. Онҳо дар шиносоии муҳтавои ғайриқонунӣ кӯмак хоҳанд кард.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0