https://sputnik.tj/20210820/tolibon-izdihomi-mardum-tir-video-1041759488.html
Чигуна Толибон ҷониби издиҳоми мардум тир кушоданд - видео
Чигуна Толибон ҷониби издиҳоми мардум тир кушоданд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар пайи тирандозӣ дар Асадобод дастикам 3 тан ҳалок шуданд 20.08.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-08-20T11:31+0500
2021-08-20T11:31+0500
2021-08-20T11:36+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
видео
толибон
тирпарронӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/13/1041751883_0:0:640:360_1920x0_80_0_0_d8411d3c7d602e3d3eee95f30bcd387d.jpg
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе аз кучаҳои минтақаи Асадободи ноҳияи Кунари Афғонистон нашр гардид, ки дар он гурӯҳи тундгарои Толибон (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) ҷониби издиҳоми мардум тир мекушоянд.Маълум аст, ки сокинони маҳаллӣ барои таҷлили Рӯзи истиқлолияти ҷумҳурӣ ба кӯчаҳо баромадаанд. Ҷангҷӯён сӯи издиҳом ва як мошин ки зери парчами миллии серангаи кишвар мегузашт, тирандозиро оғоз карданд. Дар натиҷаи ин ҳодиса се нафар кушта шуданд.Пас аз як-ду шаби фаромӯшнашаванда: ситораи машҳури афғон аз Толибон фирор кардДар яке аз наворҳое, ки дар Твиттер нашр шудааст, метавон мошинеро дид, ки бо парчами миллӣ роҳи Асадободро убур мекунад. Пас аз он садои тир ба гӯш мерасад.Дар наворҳо нишон дода шудааст, ки одамон дар кӯча давида истодаанд, доду фарёд ба гӯш мерасад. "Имрӯз Толибон одамонеро тирборон карданд, ки рӯзи истиқлолият дар Кунарро ҷашн мегирифтанд. Чанд нафар кушта ва захмӣ шуданд. Ин чеҳраи аслии Толибон аст" - навиштааст муаллифи навор.“Эълони ҷанг бо ҳазораҳо”: Толибон муҷассамаи раҳбари онҳоро тахриб кардандИн бори аввал нест, ки ҷангҷӯён ба сӯи мардуми осоишта оташ кушодаанд. Як рӯз пеш онҳо ба сӯи иштироккунандагони гирдиҳамоии пуштибонӣ аз парчами Афғонистон дар Ҷалолобод ва ба сӯи мардуме, ки дар фурудгоҳи Кобул ҷамъ омада буданд, тирандозӣ карданд. Дар натиҷа чанд тан захмӣ ва ҳалок гардид.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Видео РИА Новости. Талибы открыли стрельбу на празднике Дня независимости
Sputnik Тоҷикистон
Жители Афганистана празднуют День независимости от Великобритании. Толпы людей, некоторые из них с флагами в руках, собираются на улицах и площадях Кабула. Члены «Талибана» (движение признано террористическим и запрещено в РФ) выстрелами хотят разогнать людей. Видео корреспондента РИА Новости.
2021-08-20T11:31+0500
true
PT0M52S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/13/1041751883_50:0:530:360_1920x0_80_0_0_71e25594c1923006fe142347ba258db3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, толибон, тирпарронӣ, видео
видео, толибон, тирпарронӣ, видео
Чигуна Толибон ҷониби издиҳоми мардум тир кушоданд - видео
11:31 20.08.2021 (Навсозишуда: 11:36 20.08.2021) Дар пайи тирандозӣ дар Асадобод дастикам 3 тан ҳалок шуданд
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе аз кучаҳои минтақаи Асадободи ноҳияи Кунари Афғонистон нашр гардид, ки дар он гурӯҳи тундгарои Толибон (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) ҷониби издиҳоми мардум тир мекушоянд.
Маълум аст, ки сокинони маҳаллӣ барои таҷлили Рӯзи истиқлолияти ҷумҳурӣ ба кӯчаҳо баромадаанд. Ҷангҷӯён сӯи издиҳом ва як мошин ки зери парчами миллии серангаи кишвар мегузашт, тирандозиро оғоз карданд. Дар натиҷаи ин ҳодиса се нафар кушта шуданд.
Дар яке аз наворҳое, ки дар Твиттер нашр шудааст, метавон мошинеро дид, ки бо парчами миллӣ роҳи Асадободро убур мекунад. Пас аз он садои тир ба гӯш мерасад.
Дар наворҳо нишон дода шудааст, ки одамон дар кӯча давида истодаанд, доду фарёд ба гӯш мерасад.
"Имрӯз Толибон одамонеро тирборон карданд, ки рӯзи истиқлолият дар Кунарро ҷашн мегирифтанд. Чанд нафар кушта ва захмӣ шуданд. Ин чеҳраи аслии Толибон аст" - навиштааст муаллифи навор.
Ин бори аввал нест, ки ҷангҷӯён ба сӯи мардуми осоишта оташ кушодаанд. Як рӯз пеш онҳо ба сӯи иштироккунандагони гирдиҳамоии пуштибонӣ аз парчами Афғонистон дар Ҷалолобод ва ба сӯи мардуме, ки дар фурудгоҳи Кобул ҷамъ омада буданд, тирандозӣ карданд. Дар натиҷа чанд тан захмӣ ва ҳалок гардид.