https://sputnik.tj/20210820/tojikiston-loihai-ekologii-hamsari-erdughon-rohandozi-1041763204.html
Дар Тоҷикистон лоиҳаи экологии ҳамсари Эрдуғон роҳандозӣ мешавад
Дар Тоҷикистон лоиҳаи экологии ҳамсари Эрдуғон роҳандозӣ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар мулоқот бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон таъкид доштааст, ки барои роҳандозии лоиҳаи “Zero Waste” (партовҳои сифр) гурӯҳи техникӣ таъсис дода мешавад
2021-08-20T13:09+0500
2021-08-20T13:09+0500
2021-08-20T13:09+0500
дар тоҷикистон
туркия
ҳамкорӣ
лоиҳа
кумитаи ҳифзи муҳити зист
муҳити зист
экология
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041763138_123:0:1927:1015_1920x0_80_0_0_c69e22e7eb098fcf66049ef9edba2211.jpg
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, ахиран дар шаҳри Душанбе Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи муҳити зист дар суҳбат бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагол оид ба Лоиҳаи партовҳои сифрии Туркия, ки таҳти сарпарастии хонум Эмине Эрдуғон, ҳамсари президенти Туркия ба амал бароварда шудааст, мубодилаи афкор кард.Тибқи иттилои манбаъ, сафири Туркия дар Тоҷикистон ба раиси Кумита оид ба ҷараёни иҷрои лоиҳаи “Zero Waste” (партовҳои сифр), ки дар Туркия татбиқ мешавад, иттилоъ дода, зикр намуд, ки Туркия кишварҳои дигарро ба ин лоиҳа даъват мекунад.Эмре Зеки Карагол таъкид дошт, ки Туркия дар якҷоягӣ бо дигар шарикони байналмилалӣ омода аст ба татбиқи лоиҳаи мавриди назар дар Тоҷикистон мусоидат намояд.Дар ҳамин ҳол, раиси Кумита барои ҳамроҳ шудан ба ин лоиҳа изҳори омодагӣ кард, ҳамзамон иброз дошт, ки барои омӯзиши лоиҳа гурӯҳи техникӣ таъсис дода мешавад.Мавсуф ҳамчунин ташаббускори роҳандозии лоиҳаи озмоишӣ дар яке аз навоҳии Тоҷикистон хоҳад буд.Ҳамзамон раиси Кумита ба сафир иттилоъ додааст, ки тибқи тартиби дохилӣ, ҳуҷҷатҳои лоиҳа бояд тавассути Кумита ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шаванд.Гуфта шудааст, ки тарафҳо зимни мулоқот оид ба масъалаҳои баррасишуда ба мувофиқа расиданд.
https://sputnik.tj/20210709/bonkhoi-turkiya-voridi-bozori-tojikiston-meshavand-1040784587.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041763138_348:0:1701:1015_1920x0_80_0_0_6d51ac12a79ed0b317b59d7d4ff460d7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, туркия, ҳамкорӣ, экологӣ, кумитаи муҳити зист
тоҷикистон, туркия, ҳамкорӣ, экологӣ, кумитаи муҳити зист
Дар Тоҷикистон лоиҳаи экологии ҳамсари Эрдуғон роҳандозӣ мешавад
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар мулоқот бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон таъкид доштааст, ки барои роҳандозии лоиҳаи “Zero Waste” (партовҳои сифр) гурӯҳи техникӣ таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, ахиран дар шаҳри Душанбе Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи муҳити зист дар суҳбат бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагол оид ба Лоиҳаи партовҳои сифрии Туркия, ки таҳти сарпарастии хонум Эмине Эрдуғон, ҳамсари президенти Туркия ба амал бароварда шудааст, мубодилаи афкор кард.
Тибқи иттилои манбаъ, сафири Туркия дар Тоҷикистон ба раиси Кумита оид ба ҷараёни иҷрои лоиҳаи “Zero Waste” (партовҳои сифр), ки дар Туркия татбиқ мешавад, иттилоъ дода, зикр намуд, ки Туркия кишварҳои дигарро ба ин лоиҳа даъват мекунад.
Эмре Зеки Карагол таъкид дошт, ки Туркия дар якҷоягӣ бо дигар шарикони байналмилалӣ омода аст ба татбиқи лоиҳаи мавриди назар дар Тоҷикистон мусоидат намояд.
Дар ҳамин ҳол, раиси Кумита барои ҳамроҳ шудан ба ин лоиҳа изҳори омодагӣ кард, ҳамзамон иброз дошт, ки барои омӯзиши лоиҳа гурӯҳи техникӣ таъсис дода мешавад.
Мавсуф ҳамчунин ташаббускори роҳандозии лоиҳаи озмоишӣ дар яке аз навоҳии Тоҷикистон хоҳад буд.
Ҳамзамон раиси Кумита ба сафир иттилоъ додааст, ки тибқи тартиби дохилӣ, ҳуҷҷатҳои лоиҳа бояд тавассути Кумита ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шаванд.
Гуфта шудааст, ки тарафҳо зимни мулоқот оид ба масъалаҳои баррасишуда ба мувофиқа расиданд.