https://sputnik.tj/20210820/prezident-jinoyat-vazorati-moliya-millionro-azhud-1041768562.html
Президент аз ҷиноятҳо дар Вазорати молия гуфт: 5, 2 миллионро аз худ кардаанд
Президент аз ҷиноятҳо дар Вазорати молия гуфт: 5, 2 миллионро аз худ кардаанд
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки ин маблағҳоро асосан кормандони кадом бахши вазорат ғайриқонунӣ соҳиб шудаанд 20.08.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-08-20T16:15+0500
2021-08-20T16:15+0500
2021-08-20T15:50+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
эмомалӣ раҳмон
фасод
молия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1e/1041317787_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_e81254a4481e05848161c10fe4a8839d.jpg
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо кормандони соҳаи молия аз камбудиҳо дар соҳа гуфт."Дар натиҷаи тафтиши фаъолияти Вазорати молия ва ҳафт сохтори зертобеи он, ки соли 2020 аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гузаронида шудааст, дар маҷмӯъ, ба маблағи 5,2 миллион сомонӣ зарарӣ молиявӣ ошкор гардидааст, ки хеле нигаронкунанда мебошад", - изҳор дошт президент.Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, зарари молиявии калон асосан дар дастгоҳи марказии вазорат ошкор шудааст.Раисҷумҳур ҳолати мазкурро шаҳодат аз мавҷуд будани омилҳои ба содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, ғайримақсаднок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ ва суйистифода аз ваколатҳои мансабӣ дар низоми Вазорати молия номид.Ӯ роҳбарияти Вазорати молияро вазифадор кард, ки ҷиҳати риояи интизоми давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияту масъулияти кормандон ва пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои қатъӣ андешад ва низоми идораи вазоратро дар ин самт ба таври ҷиддӣ тақвият бахшад.
https://sputnik.tj/20210820/bino-navi-vazorat-moliya-1041765223.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1e/1041317787_177:0:2000:1367_1920x0_80_0_0_78977a0c5ce85044c4261777b5b6615c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иқтисод, эмомалӣ раҳмон, фасод, молия
дар тоҷикистон, иқтисод, эмомалӣ раҳмон, фасод, молия
Президент аз ҷиноятҳо дар Вазорати молия гуфт: 5, 2 миллионро аз худ кардаанд
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки ин маблағҳоро асосан кормандони кадом бахши вазорат ғайриқонунӣ соҳиб шудаанд
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо кормандони соҳаи молия аз камбудиҳо дар соҳа гуфт.
Президент афзуд, ки соли гузашта ҷинояти ғайриқонунӣ аз худ кардани 5,2 миллион сомонӣ дар вазорат ошкор шудааст.
"Дар натиҷаи тафтиши фаъолияти Вазорати молия ва ҳафт сохтори зертобеи он, ки соли 2020 аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гузаронида шудааст, дар маҷмӯъ, ба маблағи 5,2 миллион сомонӣ зарарӣ молиявӣ ошкор гардидааст, ки хеле нигаронкунанда мебошад", - изҳор дошт президент.
Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, зарари молиявии калон асосан дар дастгоҳи марказии вазорат ошкор шудааст.
Раисҷумҳур ҳолати мазкурро шаҳодат аз мавҷуд будани омилҳои ба содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, ғайримақсаднок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ ва суйистифода аз ваколатҳои мансабӣ дар низоми Вазорати молия номид.
Ӯ роҳбарияти Вазорати молияро вазифадор кард, ки ҷиҳати риояи интизоми давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияту масъулияти кормандон ва пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои қатъӣ андешад ва низоми идораи вазоратро дар ин самт ба таври ҷиддӣ тақвият бахшад.