https://sputnik.tj/20210820/payomi-shabnami-surayyo-ba-mardumi-afghoniston---navor-1041805082.html
Паёми Шабнами Сурайё ба мардуми Афғонистон - навор
Паёми Шабнами Сурайё ба мардуми Афғонистон - навор
Sputnik Тоҷикистон
Шабнами Сурайё, овозхони шинохтаи тоҷик шарикияшро ба мардуми Афғонистон дар рӯзҳои сахташон баён доштааст
2021-08-20T21:04+0500
2021-08-20T21:04+0500
2021-08-20T21:04+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
афғонистон
овозхон
шабнами сурайё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102763/36/1027633692_0:453:2047:1604_1920x0_80_0_0_c8d0bdedd5b6dacb4c27e946b44949ca.jpg
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Шабнами Сурайё таслияташро ба мардуми Афғонистон изҳор дошта, барояшон рӯзҳои хуш таманно кардааст. Овозхон дар саҳифааш дар Instagram наворе бо парчами Афғонистон ва суруди меҳанпарастиро нашр кардааст. Шабнам дар шарҳи навор аз Худо барои афғонистониҳо сулҳу сафо хоста, бо таъкиди он ки ҳамаашонро сахт дӯст медорад, илова намудааст, ки дар ғаму хушияшон шарик аст. Шабнами Сурайё, овозхони тоҷикест, ки дар Афғонистон низ аз маҳбубият бархӯрдор мебошад. Ӯ солиёни зиёд бо аҳли фарҳанги Афғонистон ҳамкорӣ карда, осори муштарак пешниҳоди мухлисон кардаанд. Ин ҳамдардии Шабнам дар ҳолест, ки бархе аз намояндагони бахши фарҳанги Афғонистон бар инанд, ки бо омадани Толибон* сари қудрат фазои эҷодӣ дар кишвар маҳдуд мегардад. Толибон* тайи чанд ҳафта аксари музофоти Афғонистонро ғасб карда, эълон доштанд, ки мувофиқи шариати Ислом ҳукмронӣ хоҳанд кард. Феълан Панҷшер ягона вилояти берун аз тасаллути Толибон* мебошад, ки дар он нерӯҳои зиддитолиб ҷамъ омадаанд ва изҳор медоранд, ки бо ҷангиёни ин ҷунбиш мубориза мебаранд.
https://sputnik.tj/20210803/vokunish-shabnami-surayyo-ba-latu-kubi-pirazan-1041365511.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102763/36/1027633692_0:261:2047:1796_1920x0_80_0_0_703510ac8d3aff40a77dd862cf68403a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шабнами сурайё, овозхон, тоҷик, шарик, мардум, афғонистон
шабнами сурайё, овозхон, тоҷик, шарик, мардум, афғонистон
Паёми Шабнами Сурайё ба мардуми Афғонистон - навор
Шабнами Сурайё, овозхони шинохтаи тоҷик шарикияшро ба мардуми Афғонистон дар рӯзҳои сахташон баён доштааст
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Шабнами Сурайё таслияташро ба мардуми Афғонистон изҳор дошта, барояшон рӯзҳои хуш таманно кардааст.
Овозхон дар
саҳифааш дар Instagram наворе бо парчами Афғонистон ва суруди меҳанпарастиро нашр кардааст.
Шабнам дар шарҳи навор аз Худо барои афғонистониҳо сулҳу сафо хоста, бо таъкиди он ки ҳамаашонро сахт дӯст медорад, илова намудааст, ки дар ғаму хушияшон шарик аст.
Шабнами Сурайё, овозхони тоҷикест, ки дар Афғонистон низ аз маҳбубият бархӯрдор мебошад. Ӯ солиёни зиёд бо аҳли фарҳанги Афғонистон ҳамкорӣ карда, осори муштарак пешниҳоди мухлисон кардаанд.
Ин ҳамдардии Шабнам дар ҳолест, ки бархе аз намояндагони бахши фарҳанги Афғонистон бар инанд, ки бо омадани Толибон* сари қудрат фазои эҷодӣ дар кишвар маҳдуд мегардад.
Толибон* тайи чанд ҳафта аксари музофоти Афғонистонро ғасб карда, эълон доштанд, ки мувофиқи шариати Ислом ҳукмронӣ хоҳанд кард. Феълан Панҷшер ягона вилояти берун аз тасаллути Толибон* мебошад, ки дар он нерӯҳои зиддитолиб ҷамъ омадаанд ва изҳор медоранд, ки бо ҷангиёни ин ҷунбиш мубориза мебаранд.