Вокуниши Шабнами Сурайё ба лату кӯби пиразан аз ҷониби духтараш: "лаънат ба ин фарзанд"

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкПаралимпиада 2014. Акс аз бойгонӣ
Паралимпиада 2014. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Обуна шудан
Шабнами Сурайё амали занеро, ки модари маъюби худро лату кӯб намуд, маҳкум кард
ДУШАНБЕ, 3 авг - Sputnik. Ситораи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё ба наворе, ки дар он зане пиразани маъюб - аз ҷониби духтараш таҳқир ва лату кӯб мешавад, вокуниш кард.
Шабнам кирдори ин занро маҳкум карда ба ӯ лаънат гуфтааст.
"Аҷаб одами пасте будааст, ки тарафи модари худ даст мебардорад. Лаънат ба ҳамин гуна фарзанд", - навиштааст Шабнам дар сторисаш дар Instagram.
Сарояндаи номӣ аз ҳамвандонаш хоҳиш кардааст, ки агар касе рақами телефон ё суроғаи пиразанро донад, ба ӯ бирасонад.

Лату кӯби модари маъюб аз ҷониби духтараш

Рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он зане модари маъюби худро таҳқир карда ва лату кӯб менамояд.
Аз навор дида мешавд, чӣ гуна зан пиразани дар аробача нишастаро шаппотӣ ва шаллоқ мезанад.
Бино ба гузориши расонаҳои Ӯзбекистон, ин ҳодиса дар наздикии бинои ҳукумати вилояти Қашқадарё рух додааст.
Раёсати умури дохилии вилоят ин наворро омӯхта гузориш додааст, ки ҳодиса рӯзи 13 июл рух додааст.
Он рӯз Озода Ҳимматова, ки дар деҳаи Шайхалии Қаршӣ зиндагӣ мекунад, модарашро ба назди бинои ҳукумати вилоят овардааст, то зани солхӯрдаи маъюби гурӯҳи 1 аз мақомоти вилоят барои сохтани хона маблағ талабад.
Зан барои бурдани модараш баргашта, нороҳат шуд, ки ҳокимият дархости онҳоро рад кард. Озода қаҳру ғазаби худро бар сари модари бепаноҳаш рехт ва ӯро айбдор кард, ки наметавонад гадоӣ кунад.
Мужчина показывает разбитый кулак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2019
Изҳороти ВУД дар бораи латту кӯби пиразан аз ҷониби писарандар ва набера
Ҳокимияти вилоят хабар дод, ки аз соли 2020 то имрӯз ба оилаи Озода Химматова ҳам кумаки пулӣ ва ҳам ғизоӣ ба маблағи беш аз 56 миллион сӯм расонида шудааст. Илова бар ин, моҳи январи соли ҷорӣ ҳукумати шаҳри Қаршӣ ба ин оила қитъаи замин ҷудо кардаасту яке аз бонкҳои вилоятӣ барои сохтмони манзил зиёда аз 28 миллион сӯм ҷудо намудааст.
Феълан кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тафтиши пешакӣ мегузаронанд. Ҳамчунин дар назар аст, ки ба пиразан ордери муҳофизатӣ дода шавад, то ӯро аз зӯроварии ҷисмонии духтараш муҳофизат кунад.
Лентаи хабарҳо
0