https://sputnik.tj/20210810/vurud-tojikiston-iiao-mone-1041529812.html
Мақомот гуфтанд, барои вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё чӣ монеъ мешавад
Мақомот гуфтанд, барои вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё чӣ монеъ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон қабл аз қабули қарор дар бораи шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё иқтисодиёти кишварҳои узви ин созмонро таҳлил хоҳад кард
2021-08-10T12:55+0500
2021-08-10T12:55+0500
2022-10-05T18:27+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
авруосиё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102409/49/1024094911_0:83:1601:983_1920x0_80_0_0_d65c5d62b2957b932d3e9f498df9b0ad.jpg
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё вақт лозим дорад. Дар ин бора ба РИА Новости вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқӣ Завқизода хабар дод.Ба гуфтаи Завқизода, мақомоти Тоҷикистон таҷрибаи кишварҳои узви Иттиҳод бо иқтисодҳои шабеҳро меомӯзанд ва таҳлил мекунанд. Пеш аз ҳама, инҳо Қирғизистон ва Арманистон мебошанд.Тоҷикистонро дар ИИАО чӣ интизор аст?Вазир таъкид кард, ки дар масъалаи шомилшавии ҷумҳурӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шитоб кардан маъно надорад. Таҳияи омори намунавӣ оид ба фаъолияти иқтисодии созмон метавонад солҳо тӯл кашад.Вазир афзуд, ки Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳои узви ИИАО ҳамкорӣ мекунад. Шарикони асосии тиҷоратии кишвар Русия ва Қазоқистон мебошанд. Илова бар ин, сармоягузориҳо ба ҷумҳурӣ тавассути Бонки Авруосиёии Рушд ворид мешаванд.Ёдовар мешавем, ки музокирот дар бораи вуруди Тоҷикистон ба ИИАО чанд сол боз идома дорад. Ба гуфтаи коршиносон, аз чунин иқдом назар ба камбудиҳо бартариҳои зиёдтар вуҷуд доранд.Пеш аз ҳама, узвият дар Иттиҳод ба кишвар имкон медиҳад, ки потенсиали тиҷоратӣ ва сармоягузории худро боз кунад.
https://sputnik.tj/20210217/Eron-Ittihodi-AvruOsiyo-Areshov-1032845241.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102409/49/1024094911_90:0:1509:1064_1920x0_80_0_0_42a8c5d068b8d45bee3ba812e3cc7aa7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мақомот, вуруд, тоҷикистон, иттиҳоди иқтисодии авруосиё, монеъ
мақомот, вуруд, тоҷикистон, иттиҳоди иқтисодии авруосиё, монеъ
Мақомот гуфтанд, барои вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё чӣ монеъ мешавад
12:55 10.08.2021 (Навсозишуда: 18:27 05.10.2022) Тоҷикистон қабл аз қабули қарор дар бораи шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё иқтисодиёти кишварҳои узви ин созмонро таҳлил хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё вақт лозим дорад. Дар ин бора ба РИА Новости вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқӣ Завқизода хабар дод.
"Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як созмони ҷавон аст, аз ин рӯ, ҳоло баҳо додан ба ҳама ҷиҳатҳои мусбат ва манфии пайвастани ҷумҳурӣ ба ин Иттиҳод имконнопазир аст", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Завқизода, мақомоти Тоҷикистон таҷрибаи кишварҳои узви Иттиҳод бо иқтисодҳои шабеҳро меомӯзанд ва таҳлил мекунанд. Пеш аз ҳама, инҳо Қирғизистон ва Арманистон мебошанд.
Вазир таъкид кард, ки дар масъалаи шомилшавии ҷумҳурӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шитоб кардан маъно надорад. Таҳияи омори намунавӣ оид ба фаъолияти иқтисодии созмон метавонад солҳо тӯл кашад.
"Омори кӯтоҳмуддат ба таҳлили мукаммал имкон намедиҳад", - гуфт Завқизода.
Вазир афзуд, ки Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳои узви ИИАО ҳамкорӣ мекунад. Шарикони асосии тиҷоратии кишвар Русия ва Қазоқистон мебошанд. Илова бар ин, сармоягузориҳо ба ҷумҳурӣ тавассути Бонки Авруосиёии Рушд ворид мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки музокирот дар бораи вуруди Тоҷикистон ба ИИАО чанд сол боз идома дорад. Ба гуфтаи коршиносон, аз чунин иқдом назар ба камбудиҳо бартариҳои зиёдтар вуҷуд доранд.
Пеш аз ҳама, узвият дар Иттиҳод ба кишвар имкон медиҳад, ки потенсиали тиҷоратӣ ва сармоягузории худро боз кунад.