https://sputnik.tj/20210820/hazoraho-tolibon-mujassamai-rahbari-onhoro-tahrib-kardand--1041756309.html
“Эълони ҷанг бо ҳазораҳо”: Толибон муҷассамаи раҳбари онҳоро тахриб карданд
“Эълони ҷанг бо ҳазораҳо”: Толибон муҷассамаи раҳбари онҳоро тахриб карданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷангиёни “Толибон”* муҷассамаи Абӯалии Мазорӣ, раҳбари маънавии ҳазораҳоро дар Бомиён аз байн бурданд 20.08.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-08-20T09:57+0500
2021-08-20T09:57+0500
2021-08-20T13:55+0500
афғонистон
ҷанг
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041764959_0:171:721:576_1920x0_80_0_0_eec6a160874f4c73542803ff8cdf87ea.jpg
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Валиуллоҳ Козимӣ, як сокини шаҳри Бомиён, ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки вақте вилоят ба “Толибон” таслим шуд, аз аввалин коре, ки ин гуруҳ кард, тахриби муҷассамаи Абдуалии Мазорӣ, раҳбари маънавии ҳазораҳои Афғонистон буд.Абдулалии Мазорӣ аз раҳбарони муҷоҳидини Афғонистон ва бунёнгузори Ҳизб ваҳдати исломии Афғонистон аст, ки соли 1990 пас аз хуруҷи Иттиҳоди Шӯравӣ ва анҷоми ҷиҳод дар пайи иттиҳоди 7 ҳизби ҳазораҳои шиаи Афғонистон таъсис ёфт. Ҳазораҳо Мазориро раҳбари маънавии худ меноманд, ки онҳоро аз чолиши таърихӣ инзивои сиёсӣ ва иқтисодӣ наҷот бахшид ва ба унвони гурӯҳи қавмии севуми Афғонистон аз ҳуқуқашон дифоъ намуд. Вай мегуфт, ман ҳазораам ва ҳазора будан дар ин кишвар набояд ҷурм бошад ва набояд гуноҳ талаққӣ гардад. Вай барои он талош мекард, ки мазҳаби шиаи ҷаъфарӣ дар Афғонистон ба расмият шинохта шавад. Дар замони ҷангҳои баъди ҷиҳод дар Афғонистон Мазорӣ бо роҳбарони паштуну ӯзбек - Гулбуддин Ҳикматёр ва Абдурашид Дӯстум пайваста, Шӯрои ҳамоҳангӣ таъсис доданд ва зидди ҳукумати Бурҳонуддин Раббонии тоҷик ҷангиданд. Бо омадани “Толибон” ба остонаи Кобул Абдулалии Мазорӣ ба асорати онҳо афтод. 12 марти соли 1995 “Толибон” ӯро аз чархбол ба замин партофта, ба ҳалокат расонданд. Ҷанозаи ӯ ба шаҳри Мазори Шариф интиқол ёфт ва дар канори Равзаи Сахӣ ба хок супурда шуд, аммо “Толибон” бо забти ин шаҳр мақбараи ӯро инфиҷор доданд. Мазҳаби шиаи Ҷаъфарӣ дар Афғонистон дар замон Ҳомид Карзай дар соли 2001 дар Қонуни асосии Афғонистон ба унвони мазҳаби расмӣ дар канор мазҳаби тасаннун эълом шуд. 12 марти соли 2016 президент Ашраф Ғанӣ ба Мазорӣ лақаби "Шаҳиди ваҳдати миллии Афғонистон" - ро дод ва 22 ҳут ё 12 март ба номи вай дар тақвими расмии кишвар сабт шуд. “Ҳазораҳоро тахриби муҷассамаи Мазорӣ хеле норозӣ кардааст. Ин на фақат беэҳтиромӣ, балки эълони ҷанг аст. Мазориро ҳар ҳазора як раҳбари маънавӣ ва пешвои миллӣ меҳисобад. Аз ин хотир, тахриби муҷассамаи ӯро касе қабул надорад. Ин кори Толибон ҳавзаи муқовимат алайҳи онҳоро васеътар мекунад”, - гуфт Валиуллоҳ Козимӣ. Бомиён як рӯз қабл аз суқути Кобул, 14 август, бидуни ҷанг ва як муомила миёни Карим Халилӣ, раиси Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон ва яке аз раҳбарони сиёсии ҳазораҳо таслим дода шуд. Вилояти Бомиён охири вилояте буд, ки ба “Толибон” ба таври мусолиматомез таҳвил ёфт. Ҳоло фақат вилояти Панҷшер дар Афғонистон аз султаи “Толибон” озод монда, ба маркази муқовимати миллӣ алайҳи ин гуруҳ боқӣ мондааст.* Ҳаракати экстремитӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
https://sputnik.tj/20210820/avf-tolibon-habibi-vardujiro-bozdosht-1041755282.html
https://sputnik.tj/20210820/hazoraho-tolibon-mujassamai-rahbari-onhoro-tahrib-kardand--1041756309.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041764959_0:103:721:643_1920x0_80_0_0_5fb3ee842a8497056bd7cda79c8af10a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, ҷанг, толибон
афғонистон, ҷанг, толибон
“Эълони ҷанг бо ҳазораҳо”: Толибон муҷассамаи раҳбари онҳоро тахриб карданд
09:57 20.08.2021 (Навсозишуда: 13:55 20.08.2021) Ҷангиёни “Толибон”* муҷассамаи Абӯалии Мазорӣ, раҳбари маънавии ҳазораҳоро дар Бомиён аз байн бурданд
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Валиуллоҳ Козимӣ, як сокини шаҳри Бомиён, ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки вақте вилоят ба “Толибон” таслим шуд, аз аввалин коре, ки ин гуруҳ кард, тахриби муҷассамаи Абдуалии Мазорӣ, раҳбари маънавии ҳазораҳои Афғонистон буд.
“Шаби гузашта ба муҷассама рокет заданд ва сари онро пойин карданд. Онҳо ба мардуме, ки ҷамъ омада буданд, эълон доштанд, ки мо чунин як муҷассамаро намехоҳем ва ин қабил чизҳо хилофи шариати исломӣ аст”, - гуфт Валиуллоҳ Козимӣ.
Абдулалии Мазорӣ аз раҳбарони муҷоҳидини Афғонистон ва бунёнгузори Ҳизб ваҳдати исломии Афғонистон аст, ки соли 1990 пас аз хуруҷи Иттиҳоди Шӯравӣ ва анҷоми ҷиҳод дар пайи иттиҳоди 7 ҳизби ҳазораҳои шиаи Афғонистон таъсис ёфт. Ҳазораҳо Мазориро раҳбари маънавии худ меноманд, ки онҳоро аз чолиши таърихӣ инзивои сиёсӣ ва иқтисодӣ наҷот бахшид ва ба унвони гурӯҳи қавмии севуми Афғонистон аз ҳуқуқашон дифоъ намуд.
Вай мегуфт, ман ҳазораам ва ҳазора будан дар ин кишвар набояд ҷурм бошад ва набояд гуноҳ талаққӣ гардад. Вай барои он талош мекард, ки мазҳаби шиаи ҷаъфарӣ дар Афғонистон ба расмият шинохта шавад.
Дар замони ҷангҳои баъди ҷиҳод дар Афғонистон Мазорӣ бо роҳбарони паштуну ӯзбек - Гулбуддин Ҳикматёр ва Абдурашид Дӯстум пайваста, Шӯрои ҳамоҳангӣ таъсис доданд ва зидди ҳукумати Бурҳонуддин Раббонии тоҷик ҷангиданд.
© Sputnik Ҷангиёни “Толибон”* муҷассамаи Абӯалии Мазорӣ, раҳбари маънавии ҳазораҳоро дар Бомиён аз байн бурданд Ҷангиёни “Толибон”* муҷассамаи Абӯалии Мазорӣ, раҳбари маънавии ҳазораҳоро дар Бомиён аз байн бурданд
© Sputnik Ҷангиёни “Толибон”* муҷассамаи Абӯалии Мазорӣ, раҳбари маънавии ҳазораҳоро дар Бомиён аз байн бурданд Ҷангиёни “Толибон”* муҷассамаи Абӯалии Мазорӣ, раҳбари маънавии ҳазораҳоро дар Бомиён аз байн бурданд
Ҷангиёни “Толибон”* муҷассамаи Абӯалии Мазорӣ, раҳбари маънавии ҳазораҳоро дар Бомиён аз байн бурданд
Ҷангиёни “Толибон”* муҷассамаи Абӯалии Мазорӣ, раҳбари маънавии ҳазораҳоро дар Бомиён аз байн бурданд
Бо омадани “Толибон” ба остонаи Кобул Абдулалии Мазорӣ ба асорати онҳо афтод. 12 марти соли 1995 “Толибон” ӯро аз чархбол ба замин партофта, ба ҳалокат расонданд.
Ҷанозаи ӯ ба шаҳри Мазори Шариф интиқол ёфт ва дар канори Равзаи Сахӣ ба хок супурда шуд, аммо “Толибон” бо забти ин шаҳр мақбараи ӯро инфиҷор доданд. Мазҳаби шиаи Ҷаъфарӣ дар Афғонистон дар замон Ҳомид Карзай дар соли 2001 дар Қонуни асосии Афғонистон ба унвони мазҳаби расмӣ дар канор мазҳаби тасаннун эълом шуд. 12 марти соли 2016 президент Ашраф Ғанӣ ба Мазорӣ лақаби "Шаҳиди ваҳдати миллии Афғонистон" - ро дод ва 22 ҳут ё 12 март ба номи вай дар тақвими расмии кишвар сабт шуд.
“Ҳазораҳоро тахриби муҷассамаи Мазорӣ хеле норозӣ кардааст. Ин на фақат беэҳтиромӣ, балки эълони ҷанг аст. Мазориро ҳар ҳазора як раҳбари маънавӣ ва пешвои миллӣ меҳисобад. Аз ин хотир, тахриби муҷассамаи ӯро касе қабул надорад. Ин кори Толибон ҳавзаи муқовимат алайҳи онҳоро васеътар мекунад”, - гуфт Валиуллоҳ Козимӣ.
Бомиён як рӯз қабл аз суқути Кобул, 14 август, бидуни ҷанг ва як муомила миёни Карим Халилӣ, раиси Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон ва яке аз раҳбарони сиёсии ҳазораҳо таслим дода шуд. Вилояти Бомиён охири вилояте буд, ки ба “Толибон” ба таври мусолиматомез таҳвил ёфт. Ҳоло фақат вилояти Панҷшер дар Афғонистон аз султаи “Толибон” озод монда, ба маркази муқовимати миллӣ алайҳи ин гуруҳ боқӣ мондааст.
* Ҳаракати экстремитӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия