https://sputnik.tj/20210820/avf-tolibon-habibi-vardujiro-bozdosht-1041755282.html
Пас аз авф: “Толибон” Ҳабиби Вардуҷиро боздошт карданд
Пас аз авф: “Толибон” Ҳабиби Вардуҷиро боздошт карданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаракати “Толибон”* Ҳабибурраҳмон Вардуҷӣ, маъруф ба Ҳабиби Вардуҷӣ, яке аз фармондеҳони Бадахшони Афғонистонро боздошт карданд 20.08.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-08-20T09:06+0500
2021-08-20T09:06+0500
2021-08-20T09:07+0500
афғонистон
толибон
боздошт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041711442_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_bdcbca1685e17fb284ba4d968dacbd2b.jpg
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Абдуғаффор Анварӣ, як тан аз наздикони Ҳабиби Вардуҷӣ, дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Вардуҷӣ рӯзи гузашта, 19 август, дар маҳалли сукунаташ дар шаҳри Кобул аз сӯи ҷангиёни ҳаракати “Толибон” боздошт шуд. “Толибон” пас аз ишғоли Кобул дар таърихи 15 август эълон доштанд, ки тамоми рақибони сиёсии худро авф мекунанд. Аммо бино ба гузоришҳо, як гуруҳи номаълум волии Лугар ва собиқ волии Ҳирот Абдулқаюм Раҳимиро ба шаҳодат расонидаанд ва аксе ҳам аз ҷасади ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сайр мекунад. Аммо ин хабар то ба ҳол расман таъйид нашудааст. Ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон умедвор аст, ки Ҳабиби Вардуҷӣ низ бар пояи ин авф раҳо хоҳад шуд. Вардуҷӣ, аз муҷоҳидини Ҷамъияти исломӣ ва собиқ фармондеҳи пулиси вулусволии Вардуҷи Бадахшони Афғонистон аст, ки бо ҷангҳои худ алайҳи Толибон тайи 20 соли ахир шуҳрат ёфта буд. Пас аз суқути Бадахшон ба дасти “Толибон” ӯ дар Кобул паноҳ ёфта буд. Дар ҳамин ҳол, бино ба гузоришҳои мувассақ, Аламхон Озодӣ ва Раис Абдухолиқ, фармондеҳони Ҷамъияти исломӣ дар Мазори Шариф ва Низомуддин Қайсорӣ, фармондеҳи Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон, пас аз боздошт аз сӯи “Толибон” ва як-ду рӯзи асорат раҳо шуда, ба хонаҳои худ баргаштаанд. “Толибон” то 15 августи соли равон 33 вилояти Афғонистонро ишғол намуда, танҳо вилояте, ки дар ихтиёри онҳо нест, Панҷшер аст. Бино ба гузоришҳо, фармондеҳони хезишҳои мардумӣ ва низомие, ки дар Урдуи Афғонистон меҷангиданд, пас аз шикаст ба дараи Панҷшер паноҳ мебаранд.
https://sputnik.tj/20210819/tolibon-maqomoti-afghoniston-simat-vazorat-peshnihod-1041746471.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041711442_204:0:2935:2048_1920x0_80_0_0_3d0dc5ea892527caa46e923f95647fd5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, боздошт
афғонистон, толибон, боздошт
Пас аз авф: “Толибон” Ҳабиби Вардуҷиро боздошт карданд
09:06 20.08.2021 (Навсозишуда: 09:07 20.08.2021) Ҳаракати “Толибон”* Ҳабибурраҳмон Вардуҷӣ, маъруф ба Ҳабиби Вардуҷӣ, яке аз фармондеҳони Бадахшони Афғонистонро боздошт карданд
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Абдуғаффор Анварӣ, як тан аз наздикони Ҳабиби Вардуҷӣ, дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Вардуҷӣ рӯзи гузашта, 19 август, дар маҳалли сукунаташ дар шаҳри Кобул аз сӯи ҷангиёни ҳаракати “Толибон” боздошт шуд.
“Қабл аз зуҳр буд, ки як гуруҳ омаданд ва фармондеҳро бо худ бурданд. Ин хабар омад, ки ӯро ба шаҳодат расонидаанд, аммо вақте мо ба пулиси “Толибон” муроҷиат кардем, онҳо гуфтанд, ки ӯ таҳти таҳқиқ аст ва ба зудӣ раҳо хоҳад шуд”, - гуфт Абдуғаффор Анварӣ.
“Толибон” пас аз ишғоли Кобул дар таърихи 15 август эълон доштанд, ки тамоми рақибони сиёсии худро авф мекунанд.
Аммо бино ба гузоришҳо, як гуруҳи номаълум волии Лугар ва собиқ волии Ҳирот Абдулқаюм Раҳимиро ба шаҳодат расонидаанд ва аксе ҳам аз ҷасади ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сайр мекунад.
Аммо ин хабар то ба ҳол расман таъйид нашудааст. Ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон умедвор аст, ки Ҳабиби Вардуҷӣ низ бар пояи ин авф раҳо хоҳад шуд.
Вардуҷӣ, аз муҷоҳидини Ҷамъияти исломӣ ва собиқ фармондеҳи пулиси вулусволии Вардуҷи Бадахшони Афғонистон аст, ки бо ҷангҳои худ алайҳи Толибон тайи 20 соли ахир шуҳрат ёфта буд.
Пас аз суқути Бадахшон ба дасти “Толибон” ӯ дар Кобул паноҳ ёфта буд. Дар ҳамин ҳол, бино ба гузоришҳои мувассақ, Аламхон Озодӣ ва Раис Абдухолиқ, фармондеҳони Ҷамъияти исломӣ дар Мазори Шариф ва Низомуддин Қайсорӣ, фармондеҳи Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон, пас аз боздошт аз сӯи “Толибон” ва як-ду рӯзи асорат раҳо шуда, ба хонаҳои худ баргаштаанд.
“Толибон” то 15 августи соли равон 33 вилояти Афғонистонро ишғол намуда, танҳо вилояте, ки дар ихтиёри онҳо нест, Панҷшер аст. Бино ба гузоришҳо, фармондеҳони хезишҳои мардумӣ ва низомие, ки дар Урдуи Афғонистон меҷангиданд, пас аз шикаст ба дараи Панҷшер паноҳ мебаранд.