Ҳалокати ду пиёдагарди ноболиғ дар садамаҳои нақлиётӣ

© hoffmann-tipsntrips / pixabayДетская игрушка возле дороги
Детская игрушка возле дороги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ду садамаи маргбор хабар дод, ки дар пайашон ду ноболиғ ба ҳалокат расидаанд
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Ронандаи 24-солаи "Мерседес-Бенс-200", шаби 18-уми август, тахминан соати 23:30 ҳангоми ҳаракат дар ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғро зер намудаст.
ВУД мегӯяд, ронандаи "Мерседес" дар назди маркази савдои "Султони Кабир", пиёдагарди 17-сола, сокини ҷамоати шаҳраки Ҳулбукро зер намудаст. Дар натиҷа ноболиғ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2021
Садамаи пурқурбонӣ дар деҳаи Суғдиён: нақли шоҳидон
Садамаи дигари маргбор 19-уми августи соли 2021, тахминан соати 15:00 дар ноҳияи Ҷайҳун рух додааст. Ба иттилои ВУД, ронандаи 30-солаи "Тико", ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти ноҳияи Ҷайҳун аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагарди 7-сола, сокини ҷамоати деҳоти Қумсангирро пахш намудааст.
ВУД афзуд, ки дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон афзуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0