https://sputnik.tj/20210411/favri-sadamai-purqurboni-dar-dehai-sughdiyon-1035301620.html
Садамаи пурқурбонӣ дар деҳаи Суғдиён: нақли шоҳидон
Садамаи пурқурбонӣ дар деҳаи Суғдиён: нақли шоҳидон
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Садамаи мудҳиш баъди соати 21:00-и рӯзи якшанбе 11 апрел дар наздикии деҳаи Суғдиёни шаҳри Ваҳдат рух додааст.
2021-04-11T23:07+0500
2021-04-11T23:07+0500
2021-04-12T12:52+0500
ҳамаи хабарҳо
садама
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102231/72/1022317273_0:113:2164:1330_1920x0_80_0_0_4f21c268cd7e42a1ea94f87d78cfd725.jpg
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Садамаи мудҳиш баъди соати 21:00-и рӯзи якшанбе 11 апрел дар наздикии деҳаи Суғдиёни шаҳри Ваҳдат рух додааст. Шоҳидон мегӯянд, садамаи мудҳиш бар асари бархӯрди мошини боркаши Камаз ва Опел рух додааст. Шоҳидон теъдоди қурбониёнро 6 нафар мегӯянд, аммо мақомот расман ин иттилоъро тасдиқ накардаанд. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки миёни ҳалокшудагон 4 мард 1 зан ва як кӯдак низ будааст.Шоҳидон мегӯянд, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ феълан дар ҷойи ҳодиса қарор доранд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон то ҳол садамаро шарҳ надода, иттилои дақиқ дар бораи омилону қурбониёнаш ироа нашудааст. Дар сурати дастрас шудани иттилои бештар дар ин сафҳа нашр хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20210208/sadama-vahdat-tursunzoda-1032778896.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102231/72/1022317273_120:0:2044:1443_1920x0_80_0_0_049153ac6543ddd3111c33133bbcc011.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, садама
Садамаи пурқурбонӣ дар деҳаи Суғдиён: нақли шоҳидон
23:07 11.04.2021 (Навсозишуда: 12:52 12.04.2021) Шоми рӯзи якшанбеи 11 апрел дар масири Душанбе – Ваҳдат садамаи пурқурбонӣ рух додааст, ки бар асоси иттилои пешакӣ то 5 - 6 қурбониро барҷой гузоштааст
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Садамаи мудҳиш баъди соати 21:00-и рӯзи якшанбе 11 апрел дар наздикии деҳаи Суғдиёни шаҳри Ваҳдат рух додааст.
Шоҳидон мегӯянд, садамаи мудҳиш бар асари бархӯрди мошини боркаши Камаз ва Опел рух додааст. Шоҳидон теъдоди қурбониёнро 6 нафар мегӯянд, аммо мақомот расман ин иттилоъро тасдиқ накардаанд.
Аз ҷумла гуфта мешавад, ки миёни ҳалокшудагон 4 мард 1 зан ва як кӯдак низ будааст.
Шоҳидон мегӯянд, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ феълан дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон то ҳол садамаро шарҳ надода, иттилои дақиқ дар бораи омилону қурбониёнаш ироа нашудааст.
Дар сурати дастрас шудани иттилои бештар дар ин сафҳа нашр хоҳад шуд.