https://sputnik.tj/20210820/daromad-sohibkoron-vmkb-markazi-sohibkorii-horugh-1041767170.html
Даромади соҳибкорони ВМКБ 54% кам шуд: азми Маркази соҳибкории Хоруғ барои беҳбуди вазъ
Даромади соҳибкорони ВМКБ 54% кам шуд: азми Маркази соҳибкории Хоруғ барои беҳбуди вазъ
Sputnik Тоҷикистон
Маркази соҳибкории навтаъсис дар Хоруғ ният дорад, баробари омӯзиши тоҷирони хурду деҳқонон, инчунин Иттиҳодияи қарзии хатмкунандагон барои оғози тиҷоратҳои навро роҳандозӣ кунад
2021-08-20T15:20+0500
2021-08-20T15:20+0500
2021-08-20T15:20+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
хоруғ
донишгоҳ
тиҷорат
рушд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041766780_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_bb13cc1cd6fb414364f4b8a77053fba8.jpg
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Диловар Бутабеков, директори Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, таъсиси Маркази соҳибкориро умеде барои тиҷоратҳое хонд, ки дар пайи бемории ҳамагири COVID-19 зарар диданд.Маркази соҳибкорӣ аз ҷониби Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ таъсис ёфта, ҳадафи он машваратдиҳӣ, омӯзиш ва дастгирии тавлиди даромад ва рушди бозор барои роҳбарони тиҷоратҳои хурд ва деҳқонони минтақа арзёбӣ шудааст.Ба суол, ки чаро Донишгоҳи Осиёи Марказӣ майли рушди соҳибкориро дорад, дафтари матбуоти Донишгоҳ аз қавли ректори он, Суҳайл Нақвӣ посух додааст, ки ҳадаф беҳбуди зиндагии мардум мебошад.Нақвӣ мураккабии посухро ба он марбут донистааст, ки фаъолияти муассисаи омӯзишӣ дар атрофи дониш аст.“Аммо, агар мо мехоҳем сифати зиндагии мардумро беҳбуд бахшем, ин дониш бояд барои дастгирӣ ва истиқбол аз талоши башарият аз тариқи соҳибкорӣ роҳ ва воситаҳое пайдо кунад”, - тавзеҳ додааст Нақвӣ.Ба иттилои дафтари матбуоти ДОМ, бар асари бемории ҳамагири COVID - 19 даромади моҳонаи соҳибкорони инфиродӣ дар ВМКБ-и Тоҷикистон 54% коҳиш ёфт. Таъкид шудааст, ки барои кумак ба баромадани мардум аз ин вазъият Маркази соҳибкории Хоруғ бо гирди ҳам овардани ширкатҳои навтаъсис, мушовирони тиҷоратӣ, сармоягузорони минтақа ва ҷаҳон роҳҳои навоваронаро дар ростои роҳандозии тиҷоратҳои рақобатпазир, брендҳои минтақавӣ ва робитаҳои тиҷоратӣ муаррифӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20210627/nahustin-hatmkunandagoni-donishgoh-osiyo-markazi-umedi-oqohon-1040479750.html
хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041766780_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_fa82e1b1ac5989ea7735e719533abfab.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маркази соҳибкорӣ, донишгоҳ, хоруғ, омӯзиш, тоҷирон
маркази соҳибкорӣ, донишгоҳ, хоруғ, омӯзиш, тоҷирон
Даромади соҳибкорони ВМКБ 54% кам шуд: азми Маркази соҳибкории Хоруғ барои беҳбуди вазъ
Маркази соҳибкории навтаъсис дар Хоруғ ният дорад, баробари омӯзиши тоҷирони хурду деҳқонон, инчунин Иттиҳодияи қарзии хатмкунандагон барои оғози тиҷоратҳои навро роҳандозӣ кунад
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Диловар Бутабеков, директори Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, таъсиси Маркази соҳибкориро умеде барои тиҷоратҳое хонд, ки дар пайи бемории ҳамагири COVID-19 зарар диданд.
Маркази соҳибкорӣ аз ҷониби Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ таъсис ёфта, ҳадафи он машваратдиҳӣ, омӯзиш ва дастгирии тавлиди даромад ва рушди бозор барои роҳбарони тиҷоратҳои хурд ва деҳқонони минтақа арзёбӣ шудааст.
Ба суол, ки чаро Донишгоҳи Осиёи Марказӣ майли рушди соҳибкориро дорад, дафтари матбуоти Донишгоҳ аз қавли ректори он, Суҳайл Нақвӣ посух додааст, ки ҳадаф беҳбуди зиндагии мардум мебошад.
“Ҷавоб сода, вале ҳамзамони мураккаб ҳам аст. Сода ба он хотир аст, ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бахши ҷудонопазири Шабакаи Оқохон оид ба Рушд (AKDN) мебошад, ки ҳадафи мушаххас ва рӯшани он беҳбудбахшии сифати зиндагии мардум аст”, - изҳор доштаст ректор.
Нақвӣ мураккабии посухро ба он марбут донистааст, ки фаъолияти муассисаи омӯзишӣ дар атрофи дониш аст.
“Аммо, агар мо мехоҳем сифати зиндагии мардумро беҳбуд бахшем, ин дониш бояд барои дастгирӣ ва истиқбол аз талоши башарият аз тариқи соҳибкорӣ роҳ ва воситаҳое пайдо кунад”, - тавзеҳ додааст Нақвӣ.
Ба иттилои дафтари матбуоти ДОМ, бар асари бемории ҳамагири COVID - 19 даромади моҳонаи соҳибкорони инфиродӣ дар ВМКБ-и Тоҷикистон 54% коҳиш ёфт. Таъкид шудааст, ки барои кумак ба баромадани мардум аз ин вазъият Маркази соҳибкории Хоруғ бо гирди ҳам овардани ширкатҳои навтаъсис, мушовирони тиҷоратӣ, сармоягузорони минтақа ва ҷаҳон роҳҳои навоваронаро дар ростои роҳандозии тиҷоратҳои рақобатпазир, брендҳои минтақавӣ ва робитаҳои тиҷоратӣ муаррифӣ мекунад.