Оқохони IV ба хатмкунандаҳои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аз ҳоли гузаштаю умедаш ба оянда гуфт

© котиботи Донишгоҳи Осиёи МарказӣНахустин хатмкунандагони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ
Нахустин хатмкунандагони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
Обуна шудан
Нахустин хатмкунандагони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар миёни кӯҳҳои Хоруғи Тоҷикистон ва Нарини Қирғизистон хатмашонро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Дар маросими хатми нахустин гуруҳи муҳассилини Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ки тариқи онлайн пахш мешуд, Оқохони IV аз пайвандҳои мустаҳками фаротар аз марзҳо ва зарфиятҳои донишгоҳ гуфт.

“Донишҷӯёни таърихи ҷаҳон ба мо ёдоварӣ мекунанд, ки Осиёи Марказӣ чи гуна ҳазор сол қабл дар заминаи дастовардҳои фарҳангӣ ва фикрӣ пештоз буд. Ин минтақа ҷойи ба вуҷуд омадани илми тиб буда, хостгоҳи номи алҷабр аст. Ҷойест, ки қутри замин андозагирӣ ва шеърҳои баландмазмуне навишта шуданд”, - изҳор дошт ӯ

Оқохони IV тавзеҳ дод, ки сабаби ба вуҷуд омадани инҳо истиқболи ҷомеаҳо аз идеяҳо, тағйир ва пазируфтани донишмандон ва мардумон аз қишрҳои гуногун буд.
“Ин навъи боз будан метавонад дарҳоро барои оянда бикушояд ва ба мо имкон медиҳад, ки ба саволҳои муҳими замон ва макони худ ҷавоб пайдо кунем”, - таъкид намуд Канслери Донишгоҳ.
Ба иттилои котибот, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бар бунёди фалсафаи дастрасии озод фаъолият мекунад, ки дар он донишҷӯён танҳо аз тариқи лаёқат ва шоистагӣ пазируфта ва аксарияти онҳо аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ мешаванд. Маъмулан 70%-и донишҷӯён зодагони минтақаҳои рустоӣ ва шаҳрҳои кучак буда, 50%-ашон духтарон мебошанд, - омадааст дар иттилоия.
Дафтари матбуоти донишгоҳ иттилоъ дод, ки Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон дар суханронии табрикотии худ ба хатмкунандагони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ гуфт, ояндаи ҳар кишвар аз равшанфикрон ва ҷавонони таҳсилкарда вобаста аст. Танҳо ҷомеаҳои таҳсилкарда метавонанд рақобатпазир бошанд ва дар баробари мушкилот истодагарӣ кунанд, изҳор дошт президенти Қирғизистон.
Китобҳои мероси фарҳангии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2020
Дастрасии ройгон ба китобҳои мероси фарҳангии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ
Карлигаш Кусаинова, хатмкунандаи беҳтарини соли 2021 аз Канслер ва роҳбарияти Донишгоҳ барои дурнамо ва “хиради эҷоди Донишгоҳи баробар бо меъёрҳои ҷаҳонӣ дар минтақаи дурдасти Осиёи Марказӣ” изҳори ташаккур кард. Ӯ инчунин аз устодон, масъулони кор бо донишҷӯён, аъзои хонавода ва дӯстон изҳори сипос кард, ки дар ин сафар ба онҳо кумак карданд, то аз як навҷавон ба як шахси болиғ ва шуҷоъ табдил шаванд.
Минтақаҳои кӯҳистони Осиёи Марказӣ дар оянда бо мушкилоти печидае ба монанди тағйирёбии иқлим, коҳиш додани фақр, рушди иқтисодӣ ва техникӣ рӯ ба рӯ мемонанд. Оқохони IV бо изҳори умед қайд кард, ки хатмкунандагон ба ҳайси сафирон ва донишомӯхтагони Донишгоҳ дар ҳалли ин мушкилот нақши махсусе хоҳанд дошт. “Ин як масъулияти хосе аст, ки ман мутмаинам шумо онро муваффақона анҷом хоҳед дод”, - изҳор дошт ӯ.
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ муассисаи омӯзишии хусусӣ, ғайритиҷоратӣ ва дунявӣ буда, аз тариқи шартномаи байналмилалӣ байни президентҳои кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон Оқохони IV таъсис ёфта, имсол нахустин гуруҳи донишҷӯён онро хатм намуданд.
Лентаи хабарҳо
0