"АрМИ-2021": ҳудуди 100 низомии тоҷик равонаи Маскав мешаванд

© Пресс-служба ЦВОСовместные военные учения в Таджикистане
Совместные военные учения в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Обуна шудан
Афзун бар ин, низомиён дар мусобиқаҳо дар Ӯзбекистон ва Беларус иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Намояндагони Вазорати дифои Тоҷикистон бо низомиёни бештар аз 40 давлат мусобиқа мекунанд.
Тавре сухангӯи вазорат Фаридун Маҳмадалиев ба Sputnik Тоҷикистон таъйид кард, имсол дар озмуни низомӣ бештар аз 100 намояндаи Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.
Танкронҳои тоҷик дар мусобиқаи "Биатлони танкӣ", ки дар машқгоҳи Алабино дар наздикии Москва баргузор мешавад, ширкат мекунанд.
Совместные военные учения России, Узбекистана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Низомиёни рус дар Тоҷикистон тамринҳои нав сар карданд
Снайперҳои тоҷик барои унвони беҳтарин дар Беларус рақобат хоҳанд кард, онҳо инчунин барои ширкат дар озмуни артиллериячиён ба Қазоқистон мераванд.
Мусобиқаи духтурони низомӣ ва озмуни “Ошхонаи саҳроӣ” дар Ҷумҳурии Ӯзбекистони ҳамсоя баргузор мешаванд ва дар он намояндагони Тоҷикистон низ иштирок хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 Бозиҳои VII байналмилалии артишии "АрМИ-2021" аз 22 август то 4 сентябр баргузор мешаванд.
Вазорати мудофиаи Русия 96 кишварро барои ширкат дар Бозиҳои 2021 даъват кардааст. 277 даста аз зиёда аз 40 кишвар хоҳиши иштирок карданро иброз доштанд.
Дар соли 2021 11 кишвар "AрМИ-2021"-ро дар якҷоягӣ бо Федератсияи Русия баргузор мекунанд. Дар ҳудуди онҳо 21 мусобиқа баргузор мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0