Дар ноҳияи Рӯшон пайкараи Муборакшо Мирзошоев гузошта шуд - аксу видео

© Sputnik В ГБАО открыли памятник Муборакшо Мирзошоеву
В ГБАО открыли памятник Муборакшо Мирзошоеву - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2021
Обуна шудан
Дар 60-умин солгарди зодрӯзи сарояндаи зиндаёд Муборакшо Мирзошоев, дар ноҳияи Рӯшон тандиси ӯ қомат афрохт
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Дар шаҳраки Вамари ноҳияи Рӯшон, маконе, ки давраи баччагии сарояндаи машҳур, шодравон Муборакшо Мирзошоев сипарӣ шудааст, муҷассамаи овозхон гузошта шуд.
Дар ин бора, Орзу Давлаталиев яке аз ташкилкунандагони ин чорабинӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Маросими кушодашавии ин муҷассама бо ширкати раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух Додхудоев, писари Муборакшо - Имомалишо, ҳунарманди машҳури тоҷик Далер Назаров, намояндагони гурӯҳи "Авесто", гурӯҳи "Шамс" ва дигар фарҳангиён баргузор шуд.
Субҳи барвақт, аҳли фарҳанг ба манзили Муборакшо Мирзошоев, ки дар зодгоҳаш деҳаи Емс ҷойгир аст барои хондани дуо ва шод кардани рӯҳи шодравон рафтанд.
Ба гуфти ӯ барои таҳияи тандиси шодравон Муборакшо Мирзошоев ҳамватанони ризокор аз чанд кишвари дунё аз ҷумла Русия Канада ва Амрико кумак кардаанд.

"Ризокорон аз Канада ва Амрико, Душанбе, аз Шипад то Бартанг ба мо кумак карданд. Нафаре тариқи маблағ кумак мекарду нафаре барои пайдо кардани пайкарасоз ёрӣ мерасонд. Ба касе, ки барои кумак муроҷиат кардаам ба ман не нагуфтаанд", - гуфт Орзу ва ба ҳамаи онҳое, ки дар ин кор саҳм дорад изҳори сипос кард.

Пайкараи сароянда дар рӯи курсӣ бо гитор гузошта шудааст. Албатта ин макон ба яке аз ҷойҳои дӯстдоштаи ҳаводорони Муборакшо хоҳад шуд, чун мухлисони санъати ӯ метавонанд ҳамроҳаш нишинанд ва акс гиранд.
Ҳамин тавр, дар баробари гузоштани тандис ҳамчунин шоми имрӯз дар майдони варзишии шаҳраки Вамар барои пос доштани хотири шодравон консерти бузург баргузор мешавад.
© Sputnik В ГБАО открыли памятник Муборакшо Мирзошоеву
В ГБАО открыли памятник Муборакшо Мирзошоеву - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2021
В ГБАО открыли памятник Муборакшо Мирзошоеву
Дар ин барномаи фарҳангӣ, устодони санъат ва дӯстдорони репертуари Муборакшо ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Аз ҷумла дар назди ҳаводорони Муборакшо маэстро дӯст ва ҳамкасбаш Далер Назаров, гурӯҳи "Авесто", гурӯҳи "Шамс", ҷиянаш далер Мирзоширинов ва дигарон ҳунарнамоӣ мекунанд.
© Sputnik В ГБАО открыли памятник Муборакшо Мирзошоеву
В ГБАО открыли памятник Муборакшо Мирзошоеву - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2021
В ГБАО открыли памятник Муборакшо Мирзошоеву
Муборакшо моҳи августи соли 1961 дар деҳаи Емси ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар хонаводаи Абдулваҳоб ба дунё омадааст.
Хонаводаи Муборакшо фарҳангӣ буд, аз ин рӯ қариб ҳамаи узви хонавода ба мусиқӣ шавқ доштанд.
Муборакшо ҳанӯз дар синни 14 - солагӣ аввалин оҳангашро иҷро кардааст, аммо фаъолияти ҳунарии худро соли 1988 дар гурӯҳи Далер Назаров оғоз намуд.
Муборакшо пас аз иҷрои суруди "Ғарибӣ" миёни мардум шуҳрат пайдо кард. Нахустин консерти ӯ дар Тоҷикистон соли 1995 дар боғи фарҳангӣ дар Душанбе баргузор шуд.
Концерт Муборакшо Мирзошоев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2020
Хотираҳои наздикон аз Муборакшо: аз марги ӯ 19 сол гузашт - видео
Он замон авзоъи Душанбе ноором буд, вале ҳама бадбинию ғаразро яксӯ гузошта, таҳти навоҳои Муборакшо чарх мезаданд.
То имрӯз сурудҳои "Ай ёрам биё", "Ғарибӣ", "Равон шуданд чор ҷавон", "Парвинамо", "Сабза ба ноз", "Хиромон", "Туро намепарастам" ва ғайра дар қалби ҳар як тоҷикистонӣ ҷойгир аст.
Муборакшо соҳиби се писар аст: Аслишо, Сайёд ва Имомалишо.
Ҳунарнамоии зиндаи Имомалишо Муборакшо ва Хушрӯз Бахтоваршо дар Маскав
Писари хурдии ӯ Имомалишо пайрави ҳунари падар ҳаст.
Лентаи хабарҳо
0