ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Муборакшо моҳи августи соли 1961 дар деҳаи Емси ноҳияи Рӯшони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар хонаводаи Абдулваҳоб ба дунё омадааст.
Хонаводаи Муборакшо фарҳангӣ буд, аз ин рӯ қариб ҳамаи узви хонавода ба мусиқӣ шавқ доштанд.
Муборакшо ҳанӯз дар синни 14 солагӣ аввалин оҳангашро иҷро кардааст, аммо фаъолbяти ҳунарии худро соли 1988 дар гурӯҳи Далер Назаров оғоз намуд.
Муборакшо пас аз иҷрои суруди "Ғарибӣ" миёни мардум шуҳрат пайдо кард. Нахустин консерти ӯ дар Тоҷикистон соли 1995 дар боғи фарҳангӣ дар Душанбе баргузор шуд.
Он замон авзоъи Душанбе ором набуд, вале ҳама бадбинию ғаразро яксӯ гузошта, таҳти навоҳои Муборакшо чарх мезаданд.
То имрӯз сурудҳои "Ай ёрам биё", "Ғарибӣ", "Равон шуданд чор ҷавон", "Парвинамо", "Сабза ба ноз", "Хиромон", "Туро намепарастам" ва ғайра дар қалби ҳар як тоҷикистонӣ ҷойгир аст.
Муборакшо соҳиби се писар аст: Аслишо, Сайёд ва Имомалишо.
Ҳунарнамоии зиндаи Имомалишо Муборакшо ва Хушрӯз Бахтоваршо дар Маскав
Писари хурдии ӯ Имомалишо пайрави ҳунари падар ҳаст. Чанде пеш дар Маскав Имомалишо ҳамроҳ бо овозхони ҷавон Хушрӯз консерте бо овози зинда баргузор кард.
Хотираҳо аз Муборакшо
Далер Мирзошоев - сарояндаи машҳур бародарзодаи Муборакшо Мирзошоев аст. Ӯ мегӯяд, ки аз амакаш хотира бисёр дорад. Масалан, амакаш Далерро ҳамеша дар рӯзҳои таътил ё ба боғи ҳайвонот ё ба дигар маконҳои фароғатии шаҳри Душанбе мебурдааст.
"Замоне амакам бо сафари ҳунарӣ ба Афғонистон рафта буду, аз он ҷо барои ман сақич ва шалвори велвет овард", — ба ёд меорад Далер.
Далер мегӯяд аз кӯдакӣ бо таронаҳои Муборакшо бузург шудааст ва далели ба мусиқӣ рӯ оварданаш ҳам амакаш аст. Ӯ мегӯяд, ҳатто мехост танҳо сурудҳои Муборакшоро сарояд ва дар бораи эҷоди сурудҳои шахсӣ фикре ҳам надоштааст.
"Ман овозхониро аз бозхонии таронаҳои Муборакшову Далер Назар оғоз кардам. Нахуст гуфтам ҳамин сурудҳои амакамро месарояму бас. Ҳатто кӯшиш мекардам, ки овозам монанди овози Муборакшо бошад. Вале чунин намешуд. Муборакшо сарояндаи бузург буд. Ҳарчанд кӯшиш мекардам, наметавонистам монанди ӯ суруд бихонам. Ва қарор додам, ки бигзор олӣ набошаду сурудҳои шахсии худам бошад", — гуфт Далер дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.