https://sputnik.tj/20210819/rahmon-faoliyati-samaranok-raisi-viloyati-sugd-qadrdoni-1041736056.html
Раҳмон барои фаъолияти самаранок аз раиси вилояти Суғд қадрдонӣ кард
Раҳмон барои фаъолияти самаранок аз раиси вилояти Суғд қадрдонӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд мукофоти давлатӣ дод
2021-08-19T12:25+0500
2021-08-19T12:25+0500
2021-08-19T12:25+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
раҷаббой аҳмадзода
мукофот
қадрдонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/13/1041736013_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_4c4c7283c8297630a9e3285c02b73b13.jpg
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Ахиран, дар фазои тантанавӣ барои дастовардҳои баланди истеҳсолию фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар бо мукофоти давлатии Тоҷикистон – унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон қадрдонӣ шуд.Бояд қайд кард, ки ахиран дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супорид.Президенти Тоҷикистон, зимни супоридани мукофотҳо қайд намудааст, ки дар арафаи ҳар як ҷашн мо корҳои анҷомдодаи худро таҳлилу ҷамъбаст мекунем, хулосаву натиҷагирӣ менамоем ва вазифаҳои минбаъдаро муайяну мушаххас месозем.“Мо то имрӯз барои пешрафти соҳаҳои саноат, нақлиёт, энергетика, сохтмон, бахши хусусӣ, рушди содирот, азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, кишоварзӣ, рушди сайёҳӣ, илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила, рушди варзиш ва идома додани татбиқи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда корҳои зиёдеро ба анҷом расонидем”, - гуфт раисҷумҳури кишвар.Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар зикр намуданд, ки дар амалӣ гардидани корҳои зикршуда ҳиссаи ҳар яки мақомдорон арзанда мебошад.“Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат заҳмати софдилона, хизмати содиқона ва фаъолияти созандаи ҳар шахсро ба таври шоиста қадрдонӣ мекунанд”, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
https://sputnik.tj/20210818/ovozhonho-unvon-giriftand-saidzoda-sohiba-alovatov-nazriev-1041719219.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/13/1041736013_230:0:2961:2048_1920x0_80_0_0_c83377aa2b305424f315a0cb9312d8a9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоыикистон, эмомалӣ раҳмон, раҷаббой аҳмадзода, мукофот, қадрдонӣ
тоыикистон, эмомалӣ раҳмон, раҷаббой аҳмадзода, мукофот, қадрдонӣ
Раҳмон барои фаъолияти самаранок аз раиси вилояти Суғд қадрдонӣ кард
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд мукофоти давлатӣ дод
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Ахиран, дар фазои тантанавӣ барои дастовардҳои баланди истеҳсолию фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар бо мукофоти давлатии Тоҷикистон – унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон қадрдонӣ шуд.
Бояд қайд кард, ки ахиран дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супорид.
Президенти Тоҷикистон, зимни супоридани мукофотҳо қайд намудааст, ки дар арафаи ҳар як ҷашн мо корҳои анҷомдодаи худро таҳлилу ҷамъбаст мекунем, хулосаву натиҷагирӣ менамоем ва вазифаҳои минбаъдаро муайяну мушаххас месозем.
“Мо то имрӯз барои пешрафти соҳаҳои саноат, нақлиёт, энергетика, сохтмон, бахши хусусӣ, рушди содирот, азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, кишоварзӣ, рушди сайёҳӣ, илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила, рушди варзиш ва идома додани татбиқи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда корҳои зиёдеро ба анҷом расонидем”, - гуфт раисҷумҳури кишвар.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар зикр намуданд, ки дар амалӣ гардидани корҳои зикршуда ҳиссаи ҳар яки мақомдорон арзанда мебошад.
“Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат заҳмати софдилона, хизмати содиқона ва фаъолияти созандаи ҳар шахсро ба таври шоиста қадрдонӣ мекунанд”, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.