Пешниҳоди намояндаи Афғонистон дар СММ: ҳукумати нави Толибонро ба расмият нашиносед

© Пресс-служба МИД РТНа заседании Совета Безопасности ООН
На заседании Совета Безопасности ООН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Обуна шудан
Вазъияти Афғонистон Созмони Милали Муттаҳидро ба таври ҷиддӣ нигарон кардааст
Душанбе, 17 авг - Sputnik. Дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ ҳаводиси ахир дар Афғонистон баррасӣ шуданд.
Намояндаи доимии Афғонистон дар СММ Ғулом Исҳокзай гуфт, ки Толибон (созмони террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) аллакай бо мақсади интиқом хона ба хона мегарданд ва нафароне, ки ба ҳукумату хориҷиҳо ҳамкорӣ мекардан ҷустуҷӯ доранд.
Вай хостори таъсиси як долони башардӯстона аз Афғонистон шуд.
Исҳоқзай ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки "Аморати исломӣ” дар Афғонистонро, ки Толибон (созмони террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) мехоҳанд эҷод кунанд, эътироф накунанд.
Международный аэропорт Кабул - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2021
Аз дар зананд, аз девор медароянд: "маҳшар" дар фурудгоҳи Кобул - наворҳо
Намояндаи доимии Афғонистонро намояндаи доимии Ирландия дар СММ Берн Насон дастгирӣ карда, қайд кард, ки муҳокимаи масъалаи эътирофи ҳаракати Толибон бармаҳал аст.
Намояндаи доимии Афғонистон гуфт, ки дар Афғонистон бояд бо иштироки намояндагони қавмҳои гуногун ва намояндагони занҳо ҳукумати давраи гузариш таъсис дода шавад.
Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар ҷаласаи Шӯрои Амният афзуд, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд кафолат диҳад, ки Афғонистон дубора ба паноҳгоҳи созмонҳои террористӣ мубаддал намешавад.
Делегация политического офиса движения Талибан (запрещено в РФ) в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2021
Толибон: Афғонистон ба дигар кишварҳо таҳдиде нахоҳад кард
Ёдрас мешавем, рӯзи якшанбе ҷангҷӯёни Толибон* вориди пойтахти Афғонистон шудаанд.
Бино ба гузориши расонаҳо, фармондеҳии ҷангҷӯён дастур додааст, ки аз хушунат худдорӣ намоянд ва ҳар нафареро, ки мехоҳад шаҳрро тарк кунад, раҳо намоянд.
Толибон* ҳамчунин ваъда доданд, ки амнияти ҳамаи дипломатҳоро дар Афғонистон таъмин хоҳанд кард.
* - созмони террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0