https://sputnik.tj/20210816/mahshar-furudgohi-kobul-navor-1041676106.html
Аз дар зананд, аз девор медароянд: "маҳшар" дар фурудгоҳи Кобул - наворҳо
Аз дар зананд, аз девор медароянд: "маҳшар" дар фурудгоҳи Кобул - наворҳо
Sputnik Тоҷикистон
Вазъ дар Фурудгоҳи байналмилалии Кобул то ҳол муташанниҷ мемонад. Шумораи афроде, ки мехоҳанд Афғонистонро тарк кунанд, бештар мешавад 16.08.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-08-16T20:54+0500
2021-08-16T20:54+0500
2021-08-16T21:01+0500
афғонистон
толибон
суқут
навор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/12/1040306311_0:383:2047:1534_1920x0_80_0_0_1189d5a72a98344e07e9a8bc05c263d3.jpg
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз фурудгоҳи Кобул наворҳои тоза нашр мешаванд.Дар он издиҳомеро метавон дид, ки мушавваш ба ҳар ҷониб медаванд. Кор то ҷое расидааст, ки онҳо ҳангоми парвози ҳавопаймо меафтанд. Гуфта мешавад, афтидагон нафароне буданд, ки ба танаи ҳавопаймо часпида, мехостанд парвоз кунанд.Фурудгоҳи Кобул ягона фуругоҳест, ки таҳти контроли Толибон (ҳаракати эктремистӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) нест ва аз ҷониби нерӯҳои амрикоӣ ва бритониёӣ феълан амнияти он таъмин мешавад.Аммо наворҳо нишон медиҳанд, ки шаҳрвандон на ба садои тир, на мақовимати низомиён аҳамияте намедиҳанд ва кӯшиши ворид шудан ба фурудгоҳро мекунанд.Дар як навор сокинони Кобул тавассути девор ва ресмон вориди фурудгоҳ мешаванд.Дар навори дигар, мардум дари дохили толори фурудгоҳро шикаста вориди он мешаванд. Маълум нест, ки онҳо куҷо медаванд ва тавассути кадом хатсайр ва ба куҷо парвоз кардан мехоҳанд. Возеҳ он аст, ки роҳи гурезро аз вазъе, ки дар Афғонистон ба миён омадааст, пайдо кардан мехоҳанд.Тавре телевизиони Афғонистон хабар додааст, гӯё дар байни сокинон овозае паҳн шудааст, ки амрикоиҳо сокинони Афғонистонро тавассути ҳавопаймо бидуни ягон санад ва чипта интиқол дода истодаанд ва ин овоза боиси рехтари сокинони Кобул ба фурудгоҳ шудааст.Тибқи дигар маълумотҳо бархеи дигар ин маконро барои он интихоб кардаанд, ки таҳти контроли Толибон нест ва бархе чанд муддат дар фурудгоҳ монда ба манзилҳошон баргаштаанд.Теъдоди ҷамъомадагон дар фурудгоҳи Кобул феълан беш аз 2 ҳазор нафар гуфта мешавад ва ин маълумот дақиқ несту ҳар лаҳза тағйир меёбад. Инчунин иттилоъ дода шуд, ки ҳадди ақал панҷ нафар дар пайи танбашавию тирпаронӣ дар фурудгоҳ ба ҳалокат расидаанд.Ёдрас мешавем, нахустин фирорӣ аз хоки Афғонистон баъди тағйири қудрат дар ин кишвар Ашраф Ғанӣ, аллакай собиқ раисҷумҳури ин кишвар гуфта мешавад. Тибқи иттилоъҳои тасдиқношуда, ӯ тавассути Тоҷикистон ба кишвари сеюм фирор кардааст. Ҳамчунин бештар аз 100 низомии афғон имрӯз вориди Бохтар шуданд.
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/12/1040306311_0:191:2047:1726_1920x0_80_0_0_e041c11a3fb3192615e95274884990e5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, суқут, навор
афғонистон, толибон, суқут, навор
Аз дар зананд, аз девор медароянд: "маҳшар" дар фурудгоҳи Кобул - наворҳо
20:54 16.08.2021 (Навсозишуда: 21:01 16.08.2021) Вазъ дар Фурудгоҳи байналмилалии Кобул то ҳол муташанниҷ мемонад. Шумораи афроде, ки мехоҳанд Афғонистонро тарк кунанд, бештар мешавад
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз фурудгоҳи Кобул наворҳои тоза нашр мешаванд.
Дар он издиҳомеро метавон дид, ки мушавваш ба ҳар ҷониб медаванд. Кор то ҷое расидааст, ки онҳо ҳангоми парвози ҳавопаймо меафтанд. Гуфта мешавад, афтидагон нафароне буданд, ки ба танаи ҳавопаймо часпида, мехостанд парвоз кунанд.
Фурудгоҳи Кобул ягона фуругоҳест, ки таҳти контроли Толибон (ҳаракати эктремистӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) нест ва аз ҷониби нерӯҳои амрикоӣ ва бритониёӣ феълан амнияти он таъмин мешавад.
Аммо наворҳо нишон медиҳанд, ки шаҳрвандон на ба садои тир, на мақовимати низомиён аҳамияте намедиҳанд ва кӯшиши ворид шудан ба фурудгоҳро мекунанд.
Дар як навор сокинони Кобул тавассути девор ва ресмон вориди фурудгоҳ мешаванд.
Дар навори дигар, мардум дари дохили толори фурудгоҳро шикаста вориди он мешаванд. Маълум нест, ки онҳо куҷо медаванд ва тавассути кадом хатсайр ва ба куҷо парвоз кардан мехоҳанд. Возеҳ он аст, ки роҳи гурезро аз вазъе, ки дар Афғонистон ба миён омадааст, пайдо кардан мехоҳанд.
Тавре телевизиони Афғонистон хабар додааст, гӯё дар байни сокинон овозае паҳн шудааст, ки амрикоиҳо сокинони Афғонистонро тавассути ҳавопаймо бидуни ягон санад ва чипта интиқол дода истодаанд ва ин овоза боиси рехтари сокинони Кобул ба фурудгоҳ шудааст.
Тибқи дигар маълумотҳо бархеи дигар ин маконро барои он интихоб кардаанд, ки таҳти контроли Толибон нест ва бархе чанд муддат дар фурудгоҳ монда ба манзилҳошон баргаштаанд.
Теъдоди ҷамъомадагон дар фурудгоҳи Кобул феълан беш аз 2 ҳазор нафар гуфта мешавад ва ин маълумот дақиқ несту ҳар лаҳза тағйир меёбад. Инчунин иттилоъ дода шуд, ки ҳадди ақал панҷ нафар дар пайи танбашавию тирпаронӣ дар фурудгоҳ ба ҳалокат расидаанд.
Ёдрас мешавем, нахустин фирорӣ аз хоки Афғонистон баъди тағйири қудрат дар ин кишвар Ашраф Ғанӣ, аллакай собиқ раисҷумҳури ин кишвар гуфта мешавад.
Тибқи иттилоъҳои тасдиқношуда, ӯ тавассути Тоҷикистон ба кишвари сеюм фирор кардааст. Ҳамчунин бештар аз 100 низомии афғон имрӯз вориди Бохтар шуданд.