https://sputnik.tj/20210816/tojikiston-chin-tamrinho-mushtarak-1041675477.html
Тоҷикистону Чин тамринҳои муштарак доир мекунанд
Тоҷикистону Чин тамринҳои муштарак доир мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ин бора вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳамтоёни чиниаш ба мувофиқа расидааст 16.08.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-08-16T19:51+0500
2021-08-16T19:51+0500
2021-08-16T19:51+0500
дар тоҷикистон
чин
тамрин
дифоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0c/1041614324_0:161:3068:1887_1920x0_80_0_0_bab39480f805492fd050a9cbdfba7378.jpg
ДУШАНБЕ, 16 авг - Sputnik. Тоҷикистон ва Чин дар шароити кӯҳсор машқҳои тактикии муштарак доир мекунанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон гузориш медиҳад.Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи душанбе, 16-уми август вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Чин бо роҳбарии Лю Юнфэн мулоқот кардааст.Интизор меравад, ки тамринҳо аз 17 то 20 августбаргузор мегарданд.Инчунин, Раҳимзода ва Юнфэн масоили мубориза бо дигар намудҳои ҷиноятҳои муташаккил, мубодилаи таҷриба, иттилоот ва омода намудани кадрҳои баландихтисосро мавриди баррасӣ қарор доданд.Ёдрас мешавем, пештар машқҳои низомии муштараки Тоҷикистон, Русия ва Ӯзбекистон 10-уми август дар наздикии марз бо Афғонистон бо муваффақият анҷом ёфтанд.Вазорати дифои Тоҷикистон бо нашри гузориш аз ҷамъбасти машқҳои муштарак таъкид намудааст, дар он беш аз 2,5 ҳазор низомӣ ва 25 чархболу ҳавопаймо иштирок намуданд.Генерал полковник Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон, размоиши муштарак бо Ӯзбекистон ва Русияро муваффақ хонда, илова намуд, ки тамоми вазифаҳои гузошташуда пеши низомиён иҷро гардиданд. Ӯ муътақид аст, ки қувваҳои мусаллаҳи кишварҳо тавони посух ба ҳар таҳдидро доранд.
https://sputnik.tj/20210809/artish-rusiya-terroristonro-afghoniston-bombaboron-1041512206.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0c/1041614324_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_a42b3fd5ba6c10c6dd835d784a138b52.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, чин, тамрин, дифоъ
дар тоҷикистон, чин, тамрин, дифоъ
Тоҷикистону Чин тамринҳои муштарак доир мекунанд
Дар ин бора вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳамтоёни чиниаш ба мувофиқа расидааст
ДУШАНБЕ, 16 авг - Sputnik. Тоҷикистон ва Чин дар шароити кӯҳсор машқҳои тактикии муштарак доир мекунанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи душанбе, 16-уми август вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Чин бо роҳбарии Лю Юнфэн мулоқот кардааст.
"Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои гузаронидани машқҳои тактикии якҷояи сохторҳои махсуси Тоҷикистон ва Чинро баррасӣ карданд" - менависад манбаъ.
Интизор меравад, ки тамринҳо аз 17 то 20 августбаргузор мегарданд.
Инчунин, Раҳимзода ва Юнфэн масоили мубориза бо дигар намудҳои ҷиноятҳои муташаккил, мубодилаи таҷриба, иттилоот ва омода намудани кадрҳои баландихтисосро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ёдрас мешавем, пештар машқҳои низомии муштараки Тоҷикистон, Русия ва Ӯзбекистон 10-уми август дар наздикии марз бо Афғонистон бо муваффақият анҷом ёфтанд.
Вазорати дифои Тоҷикистон бо нашри гузориш аз ҷамъбасти машқҳои муштарак таъкид намудааст, дар он беш аз 2,5 ҳазор низомӣ ва 25 чархболу ҳавопаймо иштирок намуданд.
Генерал полковник Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон, размоиши муштарак бо Ӯзбекистон ва Русияро муваффақ хонда, илова намуд, ки тамоми вазифаҳои гузошташуда пеши низомиён иҷро гардиданд. Ӯ муътақид аст, ки қувваҳои мусаллаҳи кишварҳо тавони посух ба ҳар таҳдидро доранд.