https://sputnik.tj/20210817/bayden-ishtibohi-amriko-afghonistonro-guft-1041678736.html
Байден иштибоҳи асосии Амрико дар Афғонистонро гуфт
Байден иштибоҳи асосии Амрико дар Афғонистонро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Вазъи Афғонистон роҳбари Кохи сафедро нигарон кардааст, аммо ӯ аз хуруҷи нерӯҳояш аз инкишвар пушаймонӣ надорад
2021-08-17T11:10+0500
2021-08-17T11:10+0500
2021-08-17T11:10+0500
дар ҷаҳон
амрико
афғонистон
осиёи марказӣ
вазъ
иштибоҳ
нерӯҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/02/1040605575_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_cc172ab2390414ec9dc747bbec968562.jpg
Душанбе, 17 авг - Sputnik. Тадбирҳои ИМА дар мавриди ташкили як артиши омодаи ҷанг ноком шуданд. Дар ин бора роҳбари раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден зимни паёми телевизионӣ ба миллат изҳор дошт.Ба гуфтаи оқои Байден Амрико барои омӯзиши артиши Афғонистон триллионҳо доллар сармоягузорӣ кардааст ва силоҳ додааст. Аммо, ягона коре, ки ИМА карда наметавонист, ин ба артиш додани иродаи ғалаба буд. Артиш пора пора шуд мақомот таслим шуду фирор кард.Раҳбари Кохи Сафед бори дигар таъкид кард, ки ҳадаф аз вуруди нерӯҳои амрикоӣ ба Афғонистон пешгири аз ҳамлаҳои террористӣ дар ИМА буд, ва ин кишвардар ин роҳ муваффақ шудааст.Роҳбари давлат аз қарори худ дар бораи хориҷ кардани сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон пушаймонӣ надорад, аммо вазъи кунунӣ ӯро нигарон кардааст.Вай таъкид кард, ки ҳузури минбаъдаи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон шиддати муноқишаро шадидтар мекард ва нирӯ ва василаҳои иловагиро талаб мекунад. Раҳбари Кохи Сафед бар ин бовар аст, ки сарбозони амрикоӣ набояд дар ҷанге бимиранд, ки нерӯҳои афғон намехоҳанд дар он ширкат намоянд.Байден қайд кард, ки ҳангоми таҳдидҳо ба ин кишвар, Амрико амалиёти зиддитеррористиро дар Афғонистон ва дар саросари ҷаҳон, ҳатто бидуни ҳузури доимӣ анҷом медиҳад."Қарори ман мавриди интиқод қарор хоҳад гирифт. Барои ман ин беҳтар аст, то ин тасмимро бар уҳдаи дигар раисҷумҳур гузорам", - гуфт президенти ИМА.Вай инчунин қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида минбаъд ҳам мардуми Афғонистонро дастгирӣ мекунад, дипломатияи минтақавиро ташвиқ медиҳад ва ҳуқуқи инсонро ҳимоят хоҳад кард.Ёдрас мешавем, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи тундгарои Толибон (мамнӯъ дар Русия), ки дар Афғонистон қудратро ба дасти худ гирифтанд, дар баробари хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО аз ин кишвар ба ҳамлаи тамоми манотиқи ин кишвар оғоз карданд.
https://sputnik.tj/20210817/rusiya-smm-jangjuyon-afghoniston-osiyoi-miyona-1041677582.html
https://sputnik.tj/20210817/peshnihod-afghoniston-smm-tolibon-rasmiyat-1041677387.html
амрико
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/02/1040605575_239:0:2970:2048_1920x0_80_0_0_48d4f076967183b04b899ae5bc5d69b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амрико, има, афғонистон, ҷо байден, хуруҷи нерӯҳо, пушаймонӣ
амрико, има, афғонистон, ҷо байден, хуруҷи нерӯҳо, пушаймонӣ
Байден иштибоҳи асосии Амрико дар Афғонистонро гуфт
Вазъи Афғонистон роҳбари Кохи сафедро нигарон кардааст, аммо ӯ аз хуруҷи нерӯҳояш аз инкишвар пушаймонӣ надорад
Душанбе, 17 авг - Sputnik. Тадбирҳои ИМА дар мавриди ташкили як артиши омодаи ҷанг ноком шуданд. Дар ин бора роҳбари раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден зимни паёми телевизионӣ ба миллат изҳор дошт.
Ба гуфтаи оқои Байден Амрико барои омӯзиши артиши Афғонистон триллионҳо доллар сармоягузорӣ кардааст ва силоҳ додааст. Аммо, ягона коре, ки ИМА карда наметавонист, ин ба артиш додани иродаи ғалаба буд. Артиш пора пора шуд мақомот таслим шуду фирор кард.
Раҳбари Кохи Сафед бори дигар таъкид кард, ки ҳадаф аз вуруди нерӯҳои амрикоӣ ба Афғонистон пешгири аз ҳамлаҳои террористӣ дар ИМА буд, ва ин кишвардар ин роҳ муваффақ шудааст.
Роҳбари давлат аз қарори худ дар бораи хориҷ кардани сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон пушаймонӣ надорад, аммо вазъи кунунӣ ӯро нигарон кардааст.
"Роҳбарони сиёсии Афғонистон натавонистанд ба хотири манфиати мардуми худ муттаҳид шаванд ва дар бораи ояндаи кишвари худ музокира кунанд. Ҷаноби Ғанӣ итминон дода буд, ки сарбозони афғон меҷанганд, аммо ӯ иштибоҳ кардааст", - гуфт Байден.
Вай таъкид кард, ки ҳузури минбаъдаи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон шиддати муноқишаро шадидтар мекард ва нирӯ ва василаҳои иловагиро талаб мекунад. Раҳбари Кохи Сафед бар ин бовар аст, ки сарбозони амрикоӣ набояд дар ҷанге бимиранд, ки нерӯҳои афғон намехоҳанд дар он ширкат намоянд.
Байден қайд кард, ки ҳангоми таҳдидҳо ба ин кишвар, Амрико амалиёти зиддитеррористиро дар Афғонистон ва дар саросари ҷаҳон, ҳатто бидуни ҳузури доимӣ анҷом медиҳад.
"Қарори ман мавриди интиқод қарор хоҳад гирифт. Барои ман ин беҳтар аст, то ин тасмимро бар уҳдаи дигар раисҷумҳур гузорам", - гуфт президенти ИМА.
Вай инчунин қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида минбаъд ҳам мардуми Афғонистонро дастгирӣ мекунад, дипломатияи минтақавиро ташвиқ медиҳад ва ҳуқуқи инсонро ҳимоят хоҳад кард.
Ёдрас мешавем, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи тундгарои Толибон (мамнӯъ дар Русия), ки дар Афғонистон қудратро ба дасти худ гирифтанд, дар баробари хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО аз ин кишвар ба ҳамлаи тамоми манотиқи ин кишвар оғоз карданд.