https://sputnik.tj/20210816/parvanda-pisaramak-hamdehaashonro-latukub-1041667023.html
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи ду писарамак, ки ҳамдеҳаашонро сахт латукӯб карданд
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи ду писарамак, ки ҳамдеҳаашонро сахт латукӯб карданд
Sputnik Тоҷикистон
Онҳо бо маслиҳати пешакӣ ба як ҳамдеҳаашон дарафтодаанд 16.08.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-08-16T13:40+0500
2021-08-16T13:40+0500
2021-08-16T13:44+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
лату кӯб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102895/83/1028958329_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_049542da018d00f23d75ccb6af57e8c5.jpg
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Дар ноҳияи Темурмалик алайҳи ду писарамак парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад.Бино бар иттилои манбаъ, ин ду хешованд бо маслиҳати пешакӣ як ҳамдеҳаашонро сахт латукӯб кардаанд. Ҳодиса субҳи 10-уми август рух додааст.Тавре дар гузориши ВКД гуфта мешавад, "10-уми августи соли 2021, тахминан соати 07:30-дақиқа, марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти С.Раҳимови ноҳияи Темурмалик ҳангоми баргаштан аз чарогоҳи маҳаллаашон бо маслиҳати пешакӣ бо писари амакаш марди 28-солаи сокини ҳамин ҷамоат - марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти С.Раҳимови ҷамоати мазкурро лату кӯб намудаанд".Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20210812/modar-farzand-latu-kub-kord-zad-bozdosht-1041611758.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102895/83/1028958329_167:0:888:541_1920x0_80_0_0_d72cda7a73506b3e904dcddf3f6f5dac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, лату кӯб
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, лату кӯб
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи ду писарамак, ки ҳамдеҳаашонро сахт латукӯб карданд
13:40 16.08.2021 (Навсозишуда: 13:44 16.08.2021) Онҳо бо маслиҳати пешакӣ ба як ҳамдеҳаашон дарафтодаанд
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Дар ноҳияи Темурмалик алайҳи ду писарамак парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, ин ду хешованд бо маслиҳати пешакӣ як ҳамдеҳаашонро сахт латукӯб кардаанд.
Ҳодиса субҳи 10-уми август рух додааст.
Тавре дар гузориши ВКД гуфта мешавад, "10-уми августи соли 2021, тахминан соати 07:30-дақиқа, марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти С.Раҳимови ноҳияи Темурмалик ҳангоми баргаштан аз чарогоҳи маҳаллаашон бо маслиҳати пешакӣ бо писари амакаш марди 28-солаи сокини ҳамин ҷамоат - марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти С.Раҳимови ҷамоати мазкурро лату кӯб намудаанд".
Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.