Модар фарзанди сесолаашро лату кӯб кардаву корд задааст: боздошт шуд

© Sputnik / Valeriy Melnikov / Гузариш ба медиабонкМальчик сидит на полу в комнате в доме города Мартакерт в Нагорном Карабахе
Мальчик сидит на полу в комнате в доме города Мартакерт в Нагорном Карабахе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2021
Обуна шудан
Модари ҷавон фарзанди хурдсолашро ду корд задааст
ДУШАНБЕ, 12 авг – Sputnik. Коримандони милитсия ҷавонзани 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод бо гумони қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ дастгир карда шуд, хабар додааст котиботи ВКД.
Ба иттилои манбаъ, модари ҷавон фарзанди хурдсолашро ду корд задааст
"Боздоштшуда, санаи 28-уми июли соли 2021, тахминан соати 18:30-дақиқа писари хӯрдсоли 3-солаашро латӯ кӯб намуда, бо корди хоҷагӣ 2-маротиба ба қафаси сина аз тарафи чап ва оринҷи дасти росташ задааст", - афзудааст манбаъ.
Мувофиқи хулосаи экспертизаи суди тиббӣ зарари ҷисмонии сабук ба саломатиаш бардоштааст.
Вазорат дар бораи қазия ва сабаби даст ба чунин кор задани модарро бештар тавзеҳ надодааст.
Гуфта мешавад, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 174 ва 112 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Маленькие девочки сидят на траве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Ҳабси 12 ва кофтукоби 81 фарзандгурез дар Суғд: алимент намесупоранд
Моддаи 174 - и қонуни ҷиноии кишвар иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба тарбияи ноболиғ буда, афроди айбдор бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад
Моддаи 112 бошад, қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ ки боиси ба мўҳлати кўтоҳ хароб шудани саломатӣ ё андаке ба таври устувор аз даст додани қобилияти меҳнат гардидааст,‐ бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз ҳаштод то яксаду шаст соат ё бо ҷарима ба андозаи то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё ҳабс ба мўҳлати то чор моҳ ҷазо дода мешавад
Лентаи хабарҳо
0