https://sputnik.tj/20210814/vido-adabiyotshinos-shinohta-tojik-dushanbe-1041646508.html
Даргузашти адабиётшиноси шинохтаи тоҷик: видоъ дар Душанбе
Даргузашти адабиётшиноси шинохтаи тоҷик: видоъ дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе пеш аз зуҳри 14 август бо адабиётшинос ва мутарҷими шинохтаи тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон видоъ карданд
2021-08-14T12:37+0500
2021-08-14T12:37+0500
2021-08-14T12:38+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
даргузашт
иттифоқи нависандагони тоҷикистон
адабиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249865_0:312:3000:2000_1920x0_80_0_0_ed5edbd678da821522956dd86f93e52f.jpg
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе пеш аз зуҳри 14 август бо адабиётшинос ва мутарҷими шинохтаи тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон видоъ кардандАдабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ Ҷумъабой Азизқулов шоми 13 август дар синни 87 дар шаҳри Душанбе даргузашт.Дар ин бораи Ато Мирхоҷа, ноиби раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукияш хабар додааст. Дар мавриди илллати марг иттилое ироа нагардидааст.Бар асоси ҳолнома, Ҷумъабой Азизқулов 10 июни соли 1934 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент таваллуд шуда, соли 1958 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст.Азизқулов баъдан ба ҳайси ходими илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, муҳаррир, мудири шуъба, котиби масъул, муовини сармуҳаррир ва сармуҳаррири Энсиклопедияи советии тоҷик кор кардааст.Рисолаи номзадияшро соли 1974 дар мавзӯи “Синдбоднома”-и Заҳирии Самарқандӣ ҳимоя карда, намунаҳои осори Саъдӣ, Савдо, Айнӣ, Лоҳутӣ, Ҳамдӣ ва дигаронро низ таҳқиқу омодаи чоп кардааст.“Пандномаи Синдбод” (1963), “Гулзори ҳикмат” (1966), “Китоби Ҳаким Синдбод” (1979, 2012) аз осори ӯ мебошанд.Ба ҳайси тарҷумон осори зиёди адибони хориҷӣ, аз ҷумла қиссаву романҳои В.Шукшин “Суҳбати маҳтобшаб” (1981), А.Олимҷонов “Пайкони Маҳамбет” (1984), “Корвон меравад сӯйи Офтоб” (1966, ҳамроҳи Ҳ.Аҳрорӣ), А.Дюма “Се мушкетдор” ва “Граф Монте-Кристо”, асарҳои алоҳидаи О.Гончар, И.Авиҷюс (“Бехонумон”), Н.Нерсесян (“Рустаму Дилоро”), Я.Гашек (“Саргузашти сарбози чолок Швейк”), О.Генри, Р.Такур, А.Аббос, Т.Ҷумъагелдиев, В.Латсис ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.
https://sputnik.tj/20210813/darguzasht-atobek-imomyorbekov-1041625637.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249865_333:0:3000:2000_1920x0_80_0_0_c0b255bebd6871fe156ab71fe5941eb4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе, даргузашт, адабиётшинос, мутарҷим
душанбе, даргузашт, адабиётшинос, мутарҷим
Даргузашти адабиётшиноси шинохтаи тоҷик: видоъ дар Душанбе
12:37 14.08.2021 (Навсозишуда: 12:38 14.08.2021) Дар шаҳри Душанбе пеш аз зуҳри 14 август бо адабиётшинос ва мутарҷими шинохтаи тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон видоъ карданд
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе пеш аз зуҳри 14 август бо адабиётшинос ва мутарҷими шинохтаи тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон видоъ карданд
Адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ Ҷумъабой Азизқулов шоми 13 август дар синни 87 дар шаҳри Душанбе даргузашт.
Дар ин бораи Ато Мирхоҷа, ноиби раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукияш хабар додааст. Дар мавриди илллати марг иттилое ироа нагардидааст.
Бар асоси ҳолнома, Ҷумъабой Азизқулов 10 июни соли 1934 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент таваллуд шуда, соли 1958 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст.
Азизқулов баъдан ба ҳайси ходими илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, муҳаррир, мудири шуъба, котиби масъул, муовини сармуҳаррир ва сармуҳаррири Энсиклопедияи советии тоҷик кор кардааст.
Рисолаи номзадияшро соли 1974 дар мавзӯи “Синдбоднома”-и Заҳирии Самарқандӣ ҳимоя карда, намунаҳои осори Саъдӣ, Савдо, Айнӣ, Лоҳутӣ, Ҳамдӣ ва дигаронро низ таҳқиқу омодаи чоп кардааст.
“Пандномаи Синдбод” (1963), “Гулзори ҳикмат” (1966), “Китоби Ҳаким Синдбод” (1979, 2012) аз осори ӯ мебошанд.
Ба ҳайси тарҷумон осори зиёди адибони хориҷӣ, аз ҷумла қиссаву романҳои В.Шукшин “Суҳбати маҳтобшаб” (1981), А.Олимҷонов “Пайкони Маҳамбет” (1984), “Корвон меравад сӯйи Офтоб” (1966, ҳамроҳи Ҳ.Аҳрорӣ), А.Дюма “Се мушкетдор” ва “Граф Монте-Кристо”, асарҳои алоҳидаи О.Гончар, И.Авиҷюс (“Бехонумон”), Н.Нерсесян (“Рустаму Дилоро”), Я.Гашек (“Саргузашти сарбози чолок Швейк”), О.Генри, Р.Такур, А.Аббос, Т.Ҷумъагелдиев, В.Латсис ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.