Ҳолати дуюм дар моҳи равон: сокини Темурмалик ҳамсари 27 - солаашро то мурдан кӯфт

© Sputnik / Стас ЭтвешМашина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото
Машина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2021
Обуна шудан
Сокини Темурмалик ҳамсари ҷавонашро дар назди манзили бародараш то мурдан лату кӯб кард. Ин дуввумин ҳодиса дар моҳи равон мебошад
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Марди 38-сола, сокини ноҳияи Темурмалик ҳамсарашро то мурдан кӯфтааст.
Дар ин бора Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ин ҳодисаи нангин рӯзи 12-уми август, тахминан соати 16:30 рух додааст.
Тибқи гузориши ВКД, марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик, дар ҳолати мастӣ бо ҳамсараш зани 27-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон ҷанҷол карда лату кӯб намудааст.
Похмелье, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Куштор дар ҳолати сархушӣ: бо мушту лагад ҳамқадаҳашро беҳуш карду аз ҷайбаш пул дуздид
Ин ҳодиса дар назди манзили истиқоматии бародараш дар ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара рух додааст.
"Дар натиҷа ҳамсараш зани 27-сола, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.
Бар хабари ВКД, ин мард пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.
Нож в руке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Боз куштор: ҷавони 20 -сола дар Рашт ҳамдеҳаашро корд зад
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки авоили моҳи август, ВМКБ аз ҳодисаи монанд дар ноҳияи Рӯшон хабар дода буд.
ВКД гуфта буд, марде ҳамсари ҷавонашро лату кӯб кард ва охирӣ ҷон аз даст дод.
Лентаи хабарҳо
0