Боз куштор: ҷавони 20 -сола дар Рашт ҳамдеҳаашро корд зад

© Sputnik Нож в руке, архивное фото
Нож в руке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 20 - сола ба гумони куштор хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Ҷавони 20 -сола дар ноҳияи Рашт ҳамдеҳаашро кушту боздошт шуд.
Бино ба гузориши Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ин ҳодисаи нангин рӯзи 12 июл рух додааст.
Гуфта мешавад, ки кормандони милитсия сокини 20 -солаи деҳоти Б.Раҳимзодаи ноҳияи Раштро бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карданд.
"Кушту ба хонаи занаш гурехт": бибии Руфейда фарзияҳои ифшоношудаи қатли набераашро гуфт
Номбурда, рӯзи 12-уми июл, тахминан соати 18:00 дар деҳаи Яшми ҷамоати деҳоти Б.Раҳимзодаи ноҳияи мазкур аз рӯи хусумати шахсӣ бо сокини 21 солаи ҳамин ҷамоат ҷангу ҷанҷол кардааст.
Руфейда Иноятова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Нишондоди Гадоев дар бораи қатлу таҷовузи Руфейда – видео
Ҳамин тавр, муттаҳам бо корди шикорӣ (финка) 1-маротиба ба тарафи чапи қафаси синаи номбурда зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

"Дар натиҷа ҷабрдида дар вақти гузаронидани ҷарроҳӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0