https://sputnik.tj/20210814/hamla-pesh-pasravi-tolibon-mazori-sharif-nabard-video-1041653957.html
Ҳамла ва пешу пасравии Толибон* дар Мазори Шариф: шарҳи Устод Ато аз хатти набард - видео
Ҳамла ва пешу пасравии Толибон* дар Мазори Шариф: шарҳи Устод Ато аз хатти набард - видео
Sputnik Тоҷикистон
Ато Муҳаммади Нур, раиси Ҷамъияти исломии Афғонистон, зимни суҳбат аз хатти аввали набард бо ҷангиёни Толибон* вазъиятро шарҳ дод
2021-08-14T21:07+0500
2021-08-14T21:07+0500
2021-08-14T21:07+0500
амният ва мудофиа
афғонистон
ҷанг
толибон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0e/1041653882_0:75:1440:885_1920x0_80_0_0_75f14f8c7e7b9eee44ae7bdeb8a219ee.jpg
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Ато Муҳаммади Нур, ки дар ҳамоиши чеҳраҳои шинохтаи шимоли Афғонистон фармондеҳи басиҷҳои мардумӣ интихоб шуд, аз ҳамлаи Толибон* ба камарбанди дифоии Мазори Шариф хабар дод.Ба иттилои ӯ, ҳамла баъди зуҳри рӯзи шанбеи 14 август рух додаст, аммо бо истодагарии нерӯҳои мардумию ҳукуматӣ минтақа дубора тасфия шуд. Ато Муҳаммади Нур таъкид кард, ки ин ҷанг аст ва пасу пешрафт дорад.Ӯ бори дигар пойбандияшро аҳди кардааш таъкид намудаст.Ато Муҳаммади Нур, ки дар ҳамоиши чеҳраҳои шинохтаи шимоли Афғонистон фармондеҳи басиҷҳои мардумӣ интихоб гардид, аз таъсиси марказҳои сабти ихтиёриён барои муқовимат алайҳи Толибон* хабар дод.Барои сарҷамъии тамоми нерӯҳо алайҳи адӯи мардуми афғон ва ҳифзи қисматҳои шимоли кишвар созиш шуд, изҳор дошт ӯ дар ҷамъбасти маҷлис.Маршал Дӯстум низ дар пайи ҳамоиши фармондеҳони шимоли Афғонистон изҳор доштааст, ки бо баҳои хун ҳам агар бошад бояд Балхро ҳифз кард. Ӯ гуфтааст, ки дар марҳилаи кунунӣ агар ба хиёнат роҳ диҳанд, барои ҳамеша дар хотири насли оянда хоин хоҳанд монд.Ин дар ҳолест, ки бар гузоришҳои ахир қисмати шимолу шимоли шарқи Афғонистон ба дасти Толибон* гузашта, музофоти Панҷшер ва шаҳри Мазори Шариф аз ангуштшумор минтақаҳои калидии қисмати шимол мебошанд, ки Толибон* дар он ҳанӯз қудрат надоранд.* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210814/payomi-ashraf-ghani-mardumi-afghoniston-video-1041653393.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0e/1041653882_80:0:1360:960_1920x0_80_0_0_5ee5003740c1543fa92bff7a85ad9ed4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мазори шариф, балх, афғонистон, ҷанг, ато муҳаммади нур
мазори шариф, балх, афғонистон, ҷанг, ато муҳаммади нур
Ҳамла ва пешу пасравии Толибон* дар Мазори Шариф: шарҳи Устод Ато аз хатти набард - видео
Ато Муҳаммади Нур, раиси Ҷамъияти исломии Афғонистон, зимни суҳбат аз хатти аввали набард бо ҷангиёни Толибон* вазъиятро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Ато Муҳаммади Нур, ки дар ҳамоиши чеҳраҳои шинохтаи шимоли Афғонистон фармондеҳи басиҷҳои мардумӣ интихоб шуд, аз ҳамлаи Толибон* ба камарбанди дифоии Мазори Шариф хабар дод.
Ба иттилои ӯ, ҳамла баъди зуҳри рӯзи шанбеи 14 август рух додаст, аммо бо истодагарии нерӯҳои мардумию ҳукуматӣ минтақа дубора тасфия шуд. Ато Муҳаммади Нур таъкид кард, ки ин ҷанг аст ва пасу пешрафт дорад.
Ӯ бори дигар пойбандияшро аҳди кардааш таъкид намудаст.
Ато Муҳаммади Нур, ки дар ҳамоиши чеҳраҳои шинохтаи шимоли Афғонистон фармондеҳи басиҷҳои мардумӣ интихоб гардид, аз таъсиси марказҳои сабти ихтиёриён барои муқовимат алайҳи Толибон* хабар дод.
Барои сарҷамъии тамоми нерӯҳо алайҳи адӯи мардуми афғон ва ҳифзи қисматҳои шимоли кишвар созиш шуд, изҳор дошт ӯ дар ҷамъбасти маҷлис.
Маршал Дӯстум низ дар пайи ҳамоиши фармондеҳони шимоли Афғонистон изҳор доштааст, ки бо баҳои хун ҳам агар бошад бояд Балхро ҳифз кард. Ӯ гуфтааст, ки дар марҳилаи кунунӣ агар ба хиёнат роҳ диҳанд, барои ҳамеша дар хотири насли оянда хоин хоҳанд монд.
Ин дар ҳолест, ки бар гузоришҳои ахир қисмати шимолу шимоли шарқи Афғонистон ба дасти Толибон* гузашта, музофоти Панҷшер ва шаҳри Мазори Шариф аз ангуштшумор минтақаҳои калидии қисмати шимол мебошанд, ки Толибон* дар он ҳанӯз қудрат надоранд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар