https://sputnik.tj/20210814/daromad-muhojiron-rusiya-bolo-1041644364.html
Даромади муҳоҷирон дар Русия якбора боло рафт
Даромади муҳоҷирон дар Русия якбора боло рафт
Sputnik Тоҷикистон
Дар Русия беҳтарин нишондиҳандаи интиқоли пул ба кишварҳои ИДМ дар давоми се сол сабт кард
2021-08-14T09:00+0500
2021-08-14T09:00+0500
2021-08-14T09:00+0500
иқтисод
муҳоҷират
муҳоҷир
идм
интиқоли маблағ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/11/1039493044_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_b494371dec1d3d626e4f7ff23bef9029.jpg
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Даромади муҳоҷирони корӣ дар Русия якбора афзоиш ёфт. Дар ин бора "Коммерсант" хабар медищад.Ҳамин тариқ, моҳи июн шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия кор мекунанд, ба ватан 720 миллион доллар интиқол доданд - ин беҳтарин нишондод дар се соли охир аст, менависад рӯзнома. Мувофиқи маълумоти Бонки марказӣ, аз моҳи январ то май ҳаҷми миёнаи моҳонаи маблағҳои ба кишварҳои ИДМ интиқолёфта, тақрибан ба 500 миллион доллар баробар буд. Дар ҳамин ҳол, сарфи назар аз кам шудани вуруди муҳоҷирон ба Русия, интиқоли маблағҳо меафзояд. Ин тамоюл пеш аз ҳама ба татбиқи лоиҳаҳои миллӣ дар соҳаи сохтмон ва инфрасохтор вобаста аст, чун ин ҷо бештар ба нерӯи кории хориҷӣ ниёз доранд, мегӯяд Иля Жарский, шарики роҳбарикунандаи гурӯҳи коршиносони Veta. Ҳамзамон мақомоти Русия борҳо дар бораи камбуди муҳоҷирон дар сохтмонҳои ин кишвар изҳор доштаанд. Ба гуфти муовини сарвазир Марат Хуснуллин, Федератсияи Русия ба 1,5-2 миллион хориҷиён ниёз дорад. Вай қайд кард, ки пас аз авҷи коронавирус, афзоиши таварруми сохтмон мушоҳида мешавад, бинобар ин нархҳо баланд хоҳад шуд. Қаблан Вазорати сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Русия пешниҳод карда буд, ки муҳоҷирони корӣ бо қаторҳои чартерӣ оварда шаванд. Як қатор метавонад тақрибан ҳазор нафарро ба кишвар биёрад.
https://sputnik.tj/20210813/hushdori-vazorati-muhojiron-budu-bosh-rusiya-qonuni-1041621771.html
https://sputnik.tj/20210809/vkd-rusiya-muhojiron-shahodatnoma-qalbaki-1041514309.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/11/1039493044_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_d2f4f3106ae34eb0ed730d6f131685c8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даромади муҳоҷирон, русия, боло рафт
даромади муҳоҷирон, русия, боло рафт
Даромади муҳоҷирон дар Русия якбора боло рафт
Дар Русия беҳтарин нишондоди интиқоли пул ба кишварҳои ИДМ дар се соли охир сабт кард
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Даромади муҳоҷирони корӣ дар Русия якбора афзоиш ёфт. Дар ин бора
"Коммерсант" хабар медищад.
Ҳамин тариқ, моҳи июн шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия кор мекунанд, ба ватан 720 миллион доллар интиқол доданд - ин беҳтарин нишондод дар се соли охир аст, менависад рӯзнома.
Мувофиқи маълумоти Бонки марказӣ, аз моҳи январ то май ҳаҷми миёнаи моҳонаи маблағҳои ба кишварҳои ИДМ интиқолёфта, тақрибан ба 500 миллион доллар баробар буд. Дар ҳамин ҳол, сарфи назар аз кам шудани вуруди муҳоҷирон ба Русия, интиқоли маблағҳо меафзояд.
"Дар пасманзари баста шудани марзҳо рақобат дар бозори меҳнат афзоиш ёфт. Дар як қатор ихтисосҳо, пардохт ба муҳоҷирон аллакай ба сатҳи маоши шаҳрвандони Русия расидааст", - гуфт Иван Ситнов, директори хадамоти интиқоли маблағ:
Ин тамоюл пеш аз ҳама ба татбиқи лоиҳаҳои миллӣ дар соҳаи сохтмон ва инфрасохтор вобаста аст, чун ин ҷо бештар ба нерӯи кории хориҷӣ ниёз доранд, мегӯяд Иля Жарский, шарики роҳбарикунандаи гурӯҳи коршиносони Veta.
Ҳамзамон мақомоти Русия борҳо дар бораи камбуди муҳоҷирон дар сохтмонҳои ин кишвар изҳор доштаанд. Ба гуфти муовини сарвазир Марат Хуснуллин, Федератсияи Русия ба 1,5-2 миллион хориҷиён ниёз дорад.
Вай қайд кард, ки пас аз авҷи коронавирус, афзоиши таварруми сохтмон мушоҳида мешавад, бинобар ин нархҳо баланд хоҳад шуд.
Қаблан Вазорати сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Русия пешниҳод карда буд, ки муҳоҷирони корӣ бо қаторҳои чартерӣ оварда шаванд. Як қатор метавонад тақрибан ҳазор нафарро ба кишвар биёрад.