ВКД Русия гуфт, ки кадом муҳоҷирон бештар шаҳодатномаҳои ронандагии қалбакӣ мехаранд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкВ Москве отложили мониторинг за таксистами
В Москве отложили мониторинг за таксистами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилии Русия аз теъдоди ронандагони таксиҳое, ки шаҳдатномаиҳои қалбакии роннандагӣ харидаанд, изҳори нигаронӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Маълум шуд, ки муҳоҷироне кадом кишварҳо аксар вақт бо харидани шаҳодатномаҳои қалбакии ронандагӣ қонунҳои Русияро вайрон мекунанд.
Ба гуфтаи як мақоми интизомӣ, кормандони Вазорати корҳои дохилӣ пайваста бо қонуншиканон дар роҳҳо мубориза мебаранд.
Вай қайд кард, ки хориҷиён аксар вақт бо харидани шаҳодатномаҳо қалбакӣ қонунро вайрон мекунанд. Дар байни ронандагони таксӣ чунин ронандагон ҳастанд, хабар додааст, ТАСС бо такя ба манбааш аз ВКД.
"Шаҳрвандони Ӯзбекистон имрӯз дар байни муҳоҷироне, ки бо ҳуҷҷатҳои сохта ба пойтахт сафар мекунанд, пешсафанд. Аз рӯи шумораи ҳуҷҷатҳои қалбакии ошкоршуда ронандагон аз Тоҷикистон дар ҷои дуввуманд", - гуфт манбаъ.
Ҳамчунин, дар миёни муҳоҷирони қонуншикан шаҳрвандони Туркманистон ва Қирғизистон низ ҳастанд.
Мужчина на фоне такси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2021
Дар Маскав кори ронандагони таксӣ бо шаҳодатномаи хориҷӣ манъ мешавад
"Чунин қалбакикорӣ мунтазам ҳангоми рейдҳо байни ронандагони таксиҳо ошкор карда мешавад, ки боиси нигаронии хос аст, зеро дар ҳама ҳолатҳо ҳамаи истифодабарандагони роҳро зери хатар мегузорад", - афзуд намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ.
Манбаъ ҳамчунин қайд кард, ки аксаран ронандагони дорои шаҳодатномаҳои қалбакӣ қаблан аз он маҳрум шуда ё умуман шаҳодатномаи ронандагӣ надошта мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0