https://sputnik.tj/20210814/bozdoshti-javonzan-baroi-govduzdi-1041653204.html
Боздошти ҷавонзан барои говдуздӣ
Боздошти ҷавонзан барои говдуздӣ
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ҷавонзан бо иттиҳоми дуздидани чорвои калони шохдор боздошт кардааст
2021-08-14T18:31+0500
2021-08-14T18:31+0500
2021-08-14T18:32+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дуздӣ
кодекси ҷиноят
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1e/1041316415_0:105:2049:1257_1920x0_80_0_0_d4eb5ee24382780c32a65499fa11955a.jpg
ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. Маъмурини милиса зани 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Аштро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир кардаанд, хабар дод ВУД Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, муттаҳам 5-уми августи соли 2021, бо роҳи пинҳонӣ аз ҳудуди хоҷагии деҳқонии "Шарифҷон", воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи мазкур 1 сар чорвои калони шохдорро дуздидааст. Таъкид шудааст, ки чорво ба марди 38-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ашт тааллуқ дошта, зарари расонда ба соҳибмулк 3 ҳазор сомонӣ арзёбӣ шудааст. Маъмурин инчунин ҷавони 22-сола, сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакиро, ки пеш бо моддаи 244 - и Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст, бо гумони содир намудани дуздӣ дастгир карданд. Ҷавон дар он муттаҳам мешавад, ки 5-уми августи соли 2021, тахминан соати 04:30-дақиқа бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппа даромада, 3 адад телефон ба маблағи беш аз 5 ҳазор сомониро дуздидааст. Вазорати умури дохилӣ афзуд, ки алайҳи муттаҳамон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Назари бевоситаи гумонбарон дар мавриди иттиҳоми мақомот феълан маълум нест.
https://sputnik.tj/20210809/duzdi-korhona-bozdoshti-anborchii-shirkati-noqili-talko-1041510255.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1e/1041316415_0:0:1817:1363_1920x0_80_0_0_874b1ba3d64442c6bd6e94f8762e15a8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздошт, говдуздӣ, зан, вазорати умури дохилии тоҷикистон
боздошт, говдуздӣ, зан, вазорати умури дохилии тоҷикистон
Боздошти ҷавонзан барои говдуздӣ
18:31 14.08.2021 (Навсозишуда: 18:32 14.08.2021) Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ҷавонзан бо иттиҳоми дуздидани чорвои калони шохдор боздошт кардааст
ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. Маъмурини милиса зани 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Аштро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир кардаанд, хабар дод ВУД Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, муттаҳам 5-уми августи соли 2021, бо роҳи пинҳонӣ аз ҳудуди хоҷагии деҳқонии "Шарифҷон", воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи мазкур 1 сар чорвои калони шохдорро дуздидааст. Таъкид шудааст, ки чорво ба марди 38-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ашт тааллуқ дошта, зарари расонда ба соҳибмулк 3 ҳазор сомонӣ арзёбӣ шудааст.
Маъмурин инчунин ҷавони 22-сола, сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакиро, ки пеш бо моддаи 244 - и Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст, бо гумони содир намудани дуздӣ дастгир карданд.
Ҷавон дар он муттаҳам мешавад, ки 5-уми августи соли 2021, тахминан соати 04:30-дақиқа бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппа даромада, 3 адад телефон ба маблағи беш аз 5 ҳазор сомониро дуздидааст.
Вазорати умури дохилӣ афзуд, ки алайҳи муттаҳамон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Назари бевоситаи гумонбарон дар мавриди иттиҳоми мақомот феълан маълум нест.