https://sputnik.tj/20210809/duzdi-korhona-bozdoshti-anborchii-shirkati-noqili-talko-1041510255.html
Дуздӣ аз дохили корхона: боздошти анборчии ширкати “Ноқили талко”
Дуздӣ аз дохили корхона: боздошти анборчии ширкати “Ноқили талко”
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохала хабар додааст, ки ҷинояткорон ба корхонаи “Ноқили талко” ба маблағи 231 ҳазор сомонӣ зарар расонидаанд
2021-08-09T13:54+0500
2021-08-09T13:54+0500
2021-08-09T13:55+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дуздӣ
гумонбар
боздошт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102850/55/1028505542_0:149:3073:1877_1920x0_80_0_0_cea542fa77665c9f4cb4a3d657c8fb9c.jpg
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, аз боздошти се гумонбар барои дуздии корхонаи “Ноқили талко” хабар дод.Ба иттилои манбаъ ахиран масъулини корхонаи “Ноқили талко” ба идораи милитсияи ноҳияи Сино шаҳри Душанбе , мактуб равон кардааст.Дар ин мактуб масъулини корхона шикоят каранд, ки аз моҳи март то моҳи августи соли равон, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили корхонаи мазкур 16-адад халтаҳои полиэтилени (резинҳои гранула барои рӯйпуш намудани симҳои ноқилҳои барқӣ)-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.ВКД қайд кардааст, ки кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мардони 37, 33 ва 29-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакиву шаҳри Душанбе, ки якеашон амборчии корхонаи мазкур мебошад бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон хабар доданд, ки аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20210714/duzd-shirkt-aluminii-tojik-1040884087.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102850/55/1028505542_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_6e32096a56d3f6099782b2be6c88f442.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ноқил талко, ҷинояткор, сомонӣ, корхона, дуздӣ
тоҷикистон, ноқил талко, ҷинояткор, сомонӣ, корхона, дуздӣ
Дуздӣ аз дохили корхона: боздошти анборчии ширкати “Ноқили талко”
13:54 09.08.2021 (Навсозишуда: 13:55 09.08.2021) Вазорати корҳои дохала хабар додааст, ки ҷинояткорон ба корхонаи “Ноқили талко” ба маблағи 231 ҳазор сомонӣ зарар расонидаанд
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, аз боздошти се гумонбар барои дуздии корхонаи “Ноқили талко” хабар дод.
Ба иттилои манбаъ ахиран масъулини корхонаи “Ноқили талко” ба идораи милитсияи ноҳияи Сино шаҳри Душанбе , мактуб равон кардааст.
Дар ин мактуб масъулини корхона шикоят каранд, ки аз моҳи март то моҳи августи соли равон, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили корхонаи мазкур 16-адад халтаҳои полиэтилени (резинҳои гранула барои рӯйпуш намудани симҳои ноқилҳои барқӣ)-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
“Зарари расонидашуда 231 ҳазор сомониро ташкил медиҳад”, - таъкид доштааст манбаъ.
ВКД қайд кардааст, ки кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мардони 37, 33 ва 29-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакиву шаҳри Душанбе, ки якеашон амборчии корхонаи мазкур мебошад бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон хабар доданд, ки аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.