Муҳоҷирони тоҷик, ки дар "Кузминки" занозанӣ карданд, депорт мешаванд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкПолицейский рейд в ТЦ "Москва"
Полицейский рейд в ТЦ Москва - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Русия изҳорот нашр намудааст, ки минбаъд муҳоҷирон барои занозании оммавӣ дар ин кишвар фавран депорт мешаванд
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Муҳоҷирони тоҷик, ки рӯзи 12 июл дар назди метрои "Кузминки" бо шаҳрвандони Қирғизистон вориди муноқиша шуда, занозании оммавӣ сурат гирифт, аз Русия депорт мешавад.
Дар ин бора Вазорати умури дохилаи Русия хабар дода, афзудааст, ки минбаъд муҳоҷиронро барои иштирок дар ҳар гуна муноқишаву занозаниҳои оммавӣ фавран депорт мекунанд.
Дар матни ин ниҳод аз ҷумла омадааст, нафароне, ки дар муноқишаҳои ахир даст доштанд ва аз ҷониби кормандони пулис боздошт гардида ба 15 шабонарӯз ҳабс равона шудаанд, пас аз адои ин мӯҳлат бояд қаламрави Русияро тарк кунанд.
"Дар сурати тарк накардани кишвар, онҳо аз ҷониби мақомоти марбута ихроҷ хоҳанд шуд", - таъкид мешавад дар хабари манбаъ.
Вазорат аз ҷумла қайд намудааст, ки вақтҳои охир муноқишаҳо дар Русия аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ зиёд рух медиҳанд, ки боиси нороҳатӣ ва ноором шудани тартиботи ҷамъиятӣ гардидааст.
Маҳз ба ҳамин хотир, нисбати ингуна афроди қонуншикан чораҳои қатъӣ андешида мешавад, таъкид шудааст дар хабари ин ниҳод.
Следственный изолятор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Занозании тоҷикону қирғизҳо дар Маскав: 100 муҳоҷир боздошт шуду шаш касро ҳабс карданд
Ёдовар мешавем, ки пас аз занозании оммавӣ дар метрои "Кузминки" кормандони пулис дасти кам 103 нафарро боздошт намуданд. Ин муноқиша миёни шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифта буд.
Гуфта мешавад, муноқишаи ахир замима доштааст, чун рӯзи 11 июл дар минтақаи Химки ду шаҳрванди Қирғизистон аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик бо корд захмӣ шуданд ва сарчашмаи муноқиша ҳам аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад.
Дар ҳамин ҳол, пас аз ин ҳодиса рейди пулис ва мақомоти интизомӣ дар Маскав авҷ гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0