https://sputnik.tj/20210813/suquti-shahr-afghoniston-tolibon-1041622970.html
Суқути боз ду шаҳри бузурги Афғонистон ба дасти Толибон*
Суқути боз ду шаҳри бузурги Афғонистон ба дасти Толибон*
Sputnik Тоҷикистон
Ишғоли шаҳрҳову вилоятҳои Афғонистон аз сӯи ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон* идома доранд: артиши кишвар тамоми таҷҳизоту силоҳро ба дасти Толибон* гузошта аз майдони ҷанг фирор дорад
2021-08-13T11:10+0500
2021-08-13T11:10+0500
2021-08-13T11:10+0500
афғонистон
толибон
фирор
ҷангҷӯ
артиш
суқут
қандаҳор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/04/1041402958_0:161:3069:1887_1920x0_80_0_0_b3b9f554c8dbe6d7e566fc1f1c130f6b.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Шаби гузашта ҷонибдорони ҷунбиши тундгарои Толибон*, ду шаҳри бузурги Афғонистонро таҳти назорати худ гирифтанд, иттилоъ додааст Associated Press ва AFP.Ҳамин тариқ, ҷангҷӯёни Толибон* Қандаҳор, маркази вилояти ҳамномро зери назорати худ гирифтанд. Ба иттилои АP, мақомоти маҳаллӣ барои тарк кардани шаҳр ба фурудгоҳ фирор кардаанд. Баъзе аз низомиён ба ҷангҷӯёни Толиб* таслим шуданд. Силоҳ, муҳимоти ҷангӣ ва мошинҳои мондашуда ба дасти Толибон уфтоданд.Худи ҷангҷӯён дар шабакаҳои иҷтимоӣ забти Қандаҳорро эълон карданд.Сухангӯи Толибон* гуфт: "Дуввумин шаҳри бузурги кишвар Қандаҳор низ зери контроли Аморати исломӣ аст".Дар ҳоли ҳозир, ҷангҷӯён идораи волӣ, ситоди нерӯҳои амниятӣ ва дигар ниҳодҳои муҳимро таҳти назорати худ гирифтанд.Илова бар ин, ҷангҷӯён аз забти пойтахти вилояти Ҳилманди Афғонистон шаҳри Лашкаргоҳ низ хабар доданд.Як мақоми амниятӣ гуфт: "Шаҳр суқут кард. Дар бораи оташбаси 48-соата ва баровардани артиш ва мансабдорон ин минтақа созиш ҳосил шуд".Ҷангҷӯён иддао доранд, ки онҳо иншооти шаҳрро, ки қаблан дар ихтиёри мақомот буданд, забт кардаанд.Толибон* гуфтанд, ки аз охири ҳафтаи гузашта ҷангҷӯён даҳ марказҳои маъмурӣ аз 34 музофотро ишғол карданд. Аз ҷумла онҳо шаҳрҳои Заранҷ, Пули Хумрӣ, Ғазнӣ ва инчунин Қундузро, ки дар 60 километрии наздикии марзи Тоҷикистон аст, таҳти контроли худ гирифтанд.Мақомоти Афғонистон иддао доранд, ки бархе аз шаҳрҳоро дубора бозпас гирифта шудааст, вале даргириҳо то имрӯз идома доранд.Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
https://sputnik.tj/20210811/vaziri-horija-afghoniston-jomeai-jahoni-tolibon-fishor-1041601591.html
https://sputnik.tj/20210810/afghoniston-tolibon-doha-guftushunid-1041575183.html
афғонистон
қандаҳор
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/04/1041402958_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_6cc66bf94c998993b868619a7b8588cd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, қандаҳор, суқут, шаҳр, маркази вилоят, ҷанг, толибон
афғонистон, қандаҳор, суқут, шаҳр, маркази вилоят, ҷанг, толибон
Суқути боз ду шаҳри бузурги Афғонистон ба дасти Толибон*
Ишғоли шаҳрҳову вилоятҳои Афғонистон аз сӯи ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон* идома доранд: артиши кишвар тамоми таҷҳизоту силоҳро ба дасти Толибон* гузошта аз майдони ҷанг фирор дорад
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Шаби гузашта ҷонибдорони ҷунбиши тундгарои Толибон*, ду шаҳри бузурги Афғонистонро таҳти назорати худ гирифтанд, иттилоъ додааст Associated Press ва AFP.
Ҳамин тариқ, ҷангҷӯёни Толибон* Қандаҳор, маркази вилояти ҳамномро зери назорати худ гирифтанд. Ба иттилои АP, мақомоти маҳаллӣ барои тарк кардани шаҳр ба фурудгоҳ фирор кардаанд. Баъзе аз низомиён ба ҷангҷӯёни Толиб* таслим шуданд. Силоҳ, муҳимоти ҷангӣ ва мошинҳои мондашуда ба дасти Толибон уфтоданд.
Худи ҷангҷӯён дар шабакаҳои иҷтимоӣ забти Қандаҳорро эълон карданд.
Сухангӯи Толибон* гуфт: "Дуввумин шаҳри бузурги кишвар Қандаҳор низ зери контроли Аморати исломӣ аст".
Дар ҳоли ҳозир, ҷангҷӯён идораи волӣ, ситоди нерӯҳои амниятӣ ва дигар ниҳодҳои муҳимро таҳти назорати худ гирифтанд.
Илова бар ин, ҷангҷӯён аз забти пойтахти вилояти Ҳилманди Афғонистон шаҳри Лашкаргоҳ низ хабар доданд.
Як мақоми амниятӣ гуфт: "Шаҳр суқут кард. Дар бораи оташбаси 48-соата ва баровардани артиш ва мансабдорон ин минтақа созиш ҳосил шуд".
Ҷангҷӯён иддао доранд, ки онҳо иншооти шаҳрро, ки қаблан дар ихтиёри мақомот буданд, забт кардаанд.
Толибон* гуфтанд, ки аз охири ҳафтаи гузашта ҷангҷӯён даҳ марказҳои маъмурӣ аз 34 музофотро ишғол карданд. Аз ҷумла онҳо шаҳрҳои Заранҷ, Пули Хумрӣ, Ғазнӣ ва инчунин Қундузро, ки дар 60 километрии наздикии марзи Тоҷикистон аст, таҳти контроли худ гирифтанд.
Мақомоти Афғонистон иддао доранд, ки бархе аз шаҳрҳоро дубора бозпас гирифта шудааст, вале даргириҳо то имрӯз идома доранд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.