https://sputnik.tj/20210813/kdam-vaz-marz-tojikiston-afghoniston-1041635558.html
КДАМ аз вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон гуфт: нигаронӣ вуҷуд надорад
КДАМ аз вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон гуфт: нигаронӣ вуҷуд надорад
Sputnik Тоҷикистон
Аз ин ниҳод гуфтанд, ки оё вазъи вахим дар Афғонистон барои сокинони марзии Тоҷикистон боиси ҳарос аст ё на
2021-08-13T16:36+0500
2021-08-13T16:36+0500
2021-08-13T16:51+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
афғонистон
марз
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101458/11/1014581158_0:36:1600:936_1920x0_80_0_0_ce2bb918df37ceb06ebf5fd12ea987ed.jpg
ДУШАНБЕ, 13 август - Спутник. Вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон мӯътадил арзёбӣ мешавад. Дар ин бора аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар мусоҳиба бо РИА Новости гуфтаанд. Ин ниҳод тавзеҳ дод, ки дар манотиқи марзӣ ҷамъшавии паноҳандагони афғон вуҷуд надорад. Ба гуфтаи мақомот, дар ҳоли ҳозир ҳеҷ гуна нигаронӣ вуҷуд надорад.Ҳамсуҳбат расона қайд кардааст, ки аъзои ҳаракати радикалии Толибон, ки фаъолияташ дар Русия мамнӯъ аст, беш аз 80% ҳудуди марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳти назорат гирифтанд. Ба гуфтаи намояндаи КДАМ, ин қаламрав барои ҷангиён муҳим аст, аз ин рӯ онҳо қариб ҳамаи нерӯҳои асосиро ба шимоли Афғонистон кашиданд.Ёдовар мешавем, ки аз охири ҳафтаи гузашта толибҳо марказҳои маъмурии беш аз даҳ музофоти 34 вилоят, аз ҷумла шаҳрҳои Қандаҳор, Ҳирот, Заранҷ, Пули Хумрӣ, Ғазнӣ ва инчунин Қундузро, ки дар 60-километрии минтақаи наздиктарин гузаргоҳи сарҳадӣ дар Тоҷикистонанд тасарруф карданд
https://sputnik.tj/20210813/konsulgarii-tojikiston-afghoniston-bast-1041629266.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101458/11/1014581158_0:0:1248:936_1920x0_80_0_0_4c1aabdcc9216610cdaad6371feddbb7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кдам, вазъ, марз,тоҷикистон, афғонистон, нигаронӣ
кдам, вазъ, марз,тоҷикистон, афғонистон, нигаронӣ
КДАМ аз вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон гуфт: нигаронӣ вуҷуд надорад
16:36 13.08.2021 (Навсозишуда: 16:51 13.08.2021) Аз ин ниҳод гуфтанд, ки оё вазъи вахим дар Афғонистон барои сокинони марзии Тоҷикистон боиси ҳарос аст ё на
ДУШАНБЕ, 13 август - Спутник. Вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон мӯътадил арзёбӣ мешавад. Дар ин бора аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар мусоҳиба бо РИА Новости гуфтаанд.
Ин ниҳод тавзеҳ дод, ки дар манотиқи марзӣ ҷамъшавии паноҳандагони афғон вуҷуд надорад. Ба гуфтаи мақомот, дар ҳоли ҳозир ҳеҷ гуна нигаронӣ вуҷуд надорад.
"Ҳоло вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мӯътадил аст ва ҳеҷ нигаронӣ вуҷуд надорад: ҳеҷ гуна таҳдид ба амният, ҷамъшавии паноҳандагон ва талоши убур аз марз вуҷуд надорад",- таъкид кардааст Кумитаи давлатии амнияти миллӣ.
Ҳамсуҳбат расона қайд кардааст, ки аъзои ҳаракати радикалии Толибон, ки фаъолияташ дар Русия мамнӯъ аст, беш аз 80% ҳудуди марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳти назорат гирифтанд.
Ба гуфтаи намояндаи КДАМ, ин қаламрав барои ҷангиён муҳим аст, аз ин рӯ онҳо қариб ҳамаи нерӯҳои асосиро ба шимоли Афғонистон кашиданд.
Ёдовар мешавем, ки аз охири ҳафтаи гузашта толибҳо марказҳои маъмурии беш аз даҳ музофоти 34 вилоят, аз ҷумла шаҳрҳои Қандаҳор, Ҳирот, Заранҷ, Пули Хумрӣ, Ғазнӣ ва инчунин Қундузро, ки дар 60-километрии минтақаи наздиктарин гузаргоҳи сарҳадӣ дар Тоҷикистонанд тасарруф карданд