https://sputnik.tj/20210813/sherali-mirzo-muloqot-raisi-viloyat-sugd-vaziri-difoi-tojikiston-1041638028.html
Шералӣ Мирзо аз чӣ пурсон шуд: мулоқоти раиси вилояти Суғд бо вазири дифои Тоҷикистон
Шералӣ Мирзо аз чӣ пурсон шуд: мулоқоти раиси вилояти Суғд бо вазири дифои Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Ахиран дар вилояти Суғд ҷаласаи кории Раиси вилоят бо роҳбарони минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ баргузор шуд
2021-08-13T18:15+0500
2021-08-13T18:15+0500
2021-08-13T18:15+0500
дар тоҷикистон
суғд
шералӣ мирзо
раҷаббой аҳмадзода
мулоқот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0d/1041637631_0:133:1601:1033_1920x0_80_0_0_cecea5cd8a1fbe35682705a17746198c.jpg
ДУШАНБЕ, 13 август - Sputnik. Дар бинои Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд бо иштироки Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят, сардори Минтақаи мудофиаи ҳудудии №3, ҳамчунин роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҳамзамон роҳбарони минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ ва комиссарони ҳарбӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.Тибқи иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, чунин ҷаласаҳо дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ сурат гирифт ва масъулин тавассути видеоконфронс миёни ҳам мубодилаи афкор намуданд.Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо оид ба ҳолати омодабошии захираҳои сафарбарӣ ва раванди омодагиҳо ба маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ маълумот дод.Ёдовар мешавем, ки ахиран бо фармони Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар саросари мамлакат санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони “Марз-2021” баргузор гардида буд.Манбаъ таъкид доштааст, ки дар он чорабинӣ дар вилояти Суғд 28 ҳазору 340 нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин 2 ҳазору 747 нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ бо бонги хатар дар маҳалҳои муайяншудаи самтҳои амалиётӣ ҷамъ омада ҳолати омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.
https://sputnik.tj/20210813/sughd-tolibzoda-raisi-idorai-zamin-1041624425.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0d/1041637631_60:0:1481:1066_1920x0_80_0_0_6250720b2babdc7ff00a496380c698b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, мулоқот, вазири дифоъ, шералӣ мирзо, раҷаббой аҳмадзода,
тоҷикистон, суғд, мулоқот, вазири дифоъ, шералӣ мирзо, раҷаббой аҳмадзода,
Шералӣ Мирзо аз чӣ пурсон шуд: мулоқоти раиси вилояти Суғд бо вазири дифои Тоҷикистон
Ахиран дар вилояти Суғд ҷаласаи кории Раиси вилоят бо роҳбарони минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 13 август - Sputnik. Дар бинои Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд бо иштироки Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят, сардори Минтақаи мудофиаи ҳудудии №3, ҳамчунин роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҳамзамон роҳбарони минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ ва комиссарони ҳарбӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, чунин ҷаласаҳо дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ сурат гирифт ва масъулин тавассути видеоконфронс миёни ҳам мубодилаи афкор намуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо оид ба ҳолати омодабошии захираҳои сафарбарӣ ва раванди омодагиҳо ба маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ маълумот дод.
Ёдовар мешавем, ки ахиран бо фармони Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар саросари мамлакат санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони “Марз-2021” баргузор гардида буд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки дар он чорабинӣ дар вилояти Суғд 28 ҳазору 340 нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин 2 ҳазору 747 нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ бо бонги хатар дар маҳалҳои муайяншудаи самтҳои амалиётӣ ҷамъ омада ҳолати омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.