https://sputnik.tj/20210813/sughd-tolibzoda-raisi-idorai-zamin-1041624425.html
Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: Толибзода раиси идораи замин таъйин шуд
Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: Толибзода раиси идораи замин таъйин шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мухбира Қобилзода, ки се моҳи пеш раиси Идораи заминсозӣ дар вилояти Суғд таъйин шуда буд, аз ин мақом барканор шудааст
2021-08-13T11:53+0500
2021-08-13T11:53+0500
2021-08-13T15:41+0500
тағйироти кадрӣ дар тоҷикистон
дар тоҷикистон
сиёсат
суғд
замин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102447/67/1024476762_0:0:1200:675_1920x0_80_0_0_d91ed2c1d8e02ab2d566f346aafbe363.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замин ва геодезия бо судури фармон дар зерсохтори ин ниҳод дар вилояти Суғд таъйиноти кадрӣ гузаронидааст. Бино ба иттилоъи манобеъи наздик ба ҳукумати вилояти Суғд бо фармони раиси Кумитаи заминсозӣ ва геодезия, Тоҳир Толибзода, раиси Идораи заминсозӣ дар вилояти Суғд таъйин шудааст. Толибзода дар ин мақоми вазифавӣ ҷойи Мухбира Қобилзодаро иваз мекунад. Қобилзода се моҳи пеш, дар нимаи моҳи апрел бо фармони Ориф Хоҷазода, ба ҷойи Ҷамшед Умарзода, раиси Идораи заминсозӣ дар вилояти Суғд таъйин шуда буд. Он замон сабаби барканории Умарзода ба ҷойивазкунии кадрӣ ё ротатсияи мансабдорони давлатӣ шарҳ дода мешуд, ки дар ин мақом беш аз панҷ сол кардааст. Толибзода, то ин замон раиси кумитаи заминсозии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд. Тоҳир Толибзода 18 августи соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли 2014 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемуровро бо ихтисоси муҳандис - заминсоз хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро минҳайси ҳуқуқшиноси КВД “Заминсоз” дар вилояти Суғд оғоз намуда, аз соли 2004 то ин ҷониб дар вазифаҳои гуногун аз ҷумла раиси идораи замини шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Спитамен ва шаҳри Хуҷанд кор кардааст. Бо омадани ӯ ба вазифаи сардори Идораи заминсозии Суғд, Қобилзода раиси идораи замин дар шаҳри Гулистон таъйин шудааст.
https://sputnik.tj/20210421/tayinoti-kadri-qobilzoda-joyguzini-umarzoda-shud-1038880091.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102447/67/1024476762_68:0:968:675_1920x0_80_0_0_d9705c7bb26d069f05b2f3cc3677b0b0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тағйироти кадрӣ, суғд
Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: Толибзода раиси идораи замин таъйин шуд
11:53 13.08.2021 (Навсозишуда: 15:41 13.08.2021) Мухбира Қобилзода, ки се моҳи пеш раиси Идораи заминсозӣ дар вилояти Суғд таъйин шуда буд, аз ин мақом барканор шудааст
ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замин ва геодезия бо судури фармон дар зерсохтори ин ниҳод дар вилояти Суғд таъйиноти кадрӣ гузаронидааст.
Бино ба иттилоъи манобеъи наздик ба ҳукумати вилояти Суғд бо фармони раиси Кумитаи заминсозӣ ва геодезия, Тоҳир Толибзода, раиси Идораи заминсозӣ дар вилояти Суғд таъйин шудааст.
"Қарор аст, пагоҳ бо иштироки масъулини Кумитаи заминсозӣ ҷаласа баргузор шуда, Толибзода ба унвони раиси нави Идораи заминсозӣ муаррифӣ шавад", - гуфт манбаъи Sputnik Тоҷикистон.
Толибзода дар ин мақоми вазифавӣ ҷойи Мухбира Қобилзодаро иваз мекунад.
Қобилзода се моҳи пеш, дар нимаи моҳи апрел бо фармони Ориф Хоҷазода, ба ҷойи Ҷамшед Умарзода, раиси Идораи заминсозӣ дар вилояти Суғд таъйин шуда буд.
Он замон сабаби барканории Умарзода ба ҷойивазкунии кадрӣ ё ротатсияи мансабдорони давлатӣ шарҳ дода мешуд, ки дар ин мақом беш аз панҷ сол кардааст. Толибзода, то ин замон раиси кумитаи заминсозии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд.
Тоҳир Толибзода 18 августи соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст.
Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли 2014 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемуровро бо ихтисоси муҳандис - заминсоз хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро минҳайси ҳуқуқшиноси КВД “Заминсоз” дар вилояти Суғд оғоз намуда, аз соли 2004 то ин ҷониб дар вазифаҳои гуногун аз ҷумла раиси идораи замини шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Спитамен ва шаҳри Хуҷанд кор кардааст.
Бо омадани ӯ ба вазифаи сардори Идораи заминсозии Суғд, Қобилзода раиси идораи замин дар шаҳри Гулистон таъйин шудааст.