https://sputnik.tj/20210813/shavhar-kor-nameomadaastu-davlat-maosh-1041629059.html
Раис шавҳарашро нозир таъйин кардаст: "ба кор намеомадаасту аз давлат маош мегирифтааст"
Раис шавҳарашро нозир таъйин кардаст: "ба кор намеомадаасту аз давлат маош мегирифтааст"
Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи ноҳияи Рӯшон раиси идораи "Тоҷиксуғурта" дар ноҳия ва сармуҳосиби ин корхонаро дар сохтакории хизматӣ ва азонихудкунии маблағҳои давлатӣ гунаҳкор донистааст
2021-08-13T14:30+0500
2021-08-13T14:30+0500
2021-08-13T14:30+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
қаллобӣ
вмкб
буҷа
пул
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/02/1031833338_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_7f4708f71a8fa010360fd3f963569e6f.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг - Sputnik. Додситонии ноҳияи Рӯшон алайҳи роҳбари идораи "Тоҷиксуғурта" ва сармуҳосиби он бар асоси моддаҳои моддаҳои 323 - сохтакории хизматӣ ва 245 - азонихудкунӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, ба додгоҳ ирсол намудааст. Ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, муайян шудааст, ки мудири "Тоҷиксуғурта" дар ноҳияи Рӯшон бо роҳи сохтакорӣ аз 4 январи соли 2018 фармонаш шавҳарашро ба вазифаи нозир қабул кардааст. Таъкид шудааст, ки таъйини шавҳар ба вазифаи нозир ғайриқонунӣ ба расмият дароварда шудаст, аммо амалан зиёда аз 2 сол дар ин вазифа фаъолият накардааст.Тавзеҳ дода шудааст, ки тариқи маслиҳати пешакӣ бо сармуҳосиби КВД “Тоҷиксуғурта” дар ноҳияи Рӯшон аз моҳи феврали соли 2018 то моҳи ноябри соли 2020 ҳармоҳа ҳамчун маош ва дигар кумакпуливу хароҷот бе иҷрои кор ва хизматрасонӣ ба суратҳисоби шавҳари мудир 15 ҳазору 882 сомонӣ гузаронида шудааст. Додситонӣ таъкид намуд, ки дар рафти тафтиш зарари расонда ба давлат пурра барқарор шуда, парвандаи ҷиноӣ ба суд ирсол гардидааст. Иттилоъ дода шудааст, ки бо қарори додгоҳ муттаҳамон маҳкум шудаанд, аммо чӣ ҷазо гирифтанашовар зикр нагардидааст. Назари бевоситаи маҳкумшудаҳо дар бораи иттиҳоми эълонкарда маълум нест.
https://sputnik.tj/20210224/Zaminfurshi-mansabdoron-Sugd-1032876849.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/02/1031833338_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_cae889ad6e04ac22549f9e495f38a23e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маош, мудир, шавҳар, кор,
маош, мудир, шавҳар, кор,
Раис шавҳарашро нозир таъйин кардаст: "ба кор намеомадаасту аз давлат маош мегирифтааст"
Додгоҳи ноҳияи Рӯшон раиси идораи "Тоҷиксуғурта" дар ноҳия ва сармуҳосиби ин корхонаро дар сохтакории хизматӣ ва азонихудкунии маблағҳои давлатӣ гунаҳкор донистааст
ДУШАНБЕ, 13 авг - Sputnik. Додситонии ноҳияи Рӯшон алайҳи роҳбари идораи "Тоҷиксуғурта" ва сармуҳосиби он бар асоси моддаҳои моддаҳои 323 - сохтакории хизматӣ ва 245 - азонихудкунӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, ба додгоҳ ирсол намудааст.
Ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, муайян шудааст, ки мудири "Тоҷиксуғурта" дар ноҳияи Рӯшон бо роҳи сохтакорӣ аз 4 январи соли 2018 фармонаш шавҳарашро ба вазифаи нозир қабул кардааст. Таъкид шудааст, ки таъйини шавҳар ба вазифаи нозир ғайриқонунӣ ба расмият дароварда шудаст, аммо амалан зиёда аз 2 сол дар ин вазифа фаъолият накардааст.
Тавзеҳ дода шудааст, ки тариқи маслиҳати пешакӣ бо сармуҳосиби КВД “Тоҷиксуғурта” дар ноҳияи Рӯшон аз моҳи феврали соли 2018 то моҳи ноябри соли 2020 ҳармоҳа ҳамчун маош ва дигар кумакпуливу хароҷот бе иҷрои кор ва хизматрасонӣ ба суратҳисоби шавҳари мудир 15 ҳазору 882 сомонӣ гузаронида шудааст.
Додситонӣ таъкид намуд, ки дар рафти тафтиш зарари расонда ба давлат пурра барқарор шуда, парвандаи ҷиноӣ ба суд ирсол гардидааст.
Иттилоъ дода шудааст, ки бо қарори додгоҳ муттаҳамон маҳкум шудаанд, аммо чӣ ҷазо гирифтанашовар зикр нагардидааст.
Назари бевоситаи маҳкумшудаҳо дар бораи иттиҳоми эълонкарда маълум нест.