Заминфурӯшии мансабдорон дар Суғд: шарҳи Ожонси зидди фасод

© Sputnik Конверт с деньгами, архивное фото
Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2021
Обуна шудан
Масъулони Ожонси мубориза бо коррупсия дар Суғд дар бораи ошкор шудани ҳолати порагирии раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Зафаробод иттилоъ доданд
ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Ожонси мубориза бо фасод хабар додааст, ки Илҳомзода Хуршед Илҳом дар вазифаи раиси Кумитаи идораи замин дар ноҳияи Зафаробод кор карда, барои ҷудо намудани қитъаи замин аз як сокини ноҳия дар ду ҳолат маблағ талаб карда, гирифтааст.
Бахром Иноятзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2021
Норозигии раиси Судӣ Олӣ аз иддаои собиқ раиси Кӯлоб, ки гуфт "адолати судӣ нест"
“Номбурда аз шаҳрванд “С” барои мусоидат дар ҷудо намудани 0,04 га қитъаи замин барои бунёди мағозаи тиҷоратӣ аз ҳисоби заминҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи А. Ҷомии ноҳияи Зафаробод аз моҳи апрел то моҳи июли соли 2020 дар ду ҳолат бо воситаи миёнрав Рашидов Хушбахт Ҳоҷиевич маблағи 30 ҳазор сомониро ба сифати пора талаб намуда, гирифтааст”, -  омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, нисбати Илҳомзода Хуршед Илҳом бо моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ барои порагирӣ парванда боз шудааст.
Масъулини мубориза бо фасод инчунин аз оғози парванда алайҳи  Анвари Акбар Анварзода, раиси кумитаи идораи замини шаҳри Гулистон иттилоъ доданд.
Глава Комитета по землеустройству и геодезии Ориф Ходжазода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2021
Мӯзапӯшию сайри ҷамоат ба ҷамоати раиси Кумитаи давлатӣ баъди супориши Президент
Бино ба маълумоти манбаъ, Акбар Анварзода, зимни санҷиши нақшавӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Адрасмон ҳолати аз тарафи шаҳрванд “А” худсарона ишғол намудани 198 метри мураббаъ қитъаи заминро ошкор намуда, барои тартиб надодани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ду ҳолат 10 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Нисбати раиси кумитаи идораи замини шаҳри Гулистон барои сӯйистифода аз ваколатҳои мансабӣ парванда оғоз шудааст.
Назари бевоситаи айбдоршавандаҳо дар мавриди иттиҳоми эълонкардаи мақомот маълум нест.
Таъкид шудаст, ки давоми соли 2020, аз сӯи маъмурони Идораи мубориза бо фасод, дар умум 23 ҷинояти характери коррупсионидошта дар миёни кормандони идораҳои заминсозӣ дар Суғд ошкор карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0