https://sputnik.tj/20210813/safiri-pokiston-imron-hon-tojikiston-1041621642.html
Сафири Покистон тасдиқ кард: моҳи оянда Имрон Хон ба Тоҷикистон меояд
Сафири Покистон тасдиқ кард: моҳи оянда Имрон Хон ба Тоҷикистон меояд
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар, баргузор шуд
2021-08-13T09:00+0500
2021-08-13T09:00+0500
2021-08-13T09:00+0500
дар тоҷикистон
душанбе
сафир
покистон
мулоқот
палатаи савдо ва саноат
имрон хон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102988/38/1029883839_0:336:2841:1934_1920x0_80_0_0_caf4e8bea9851304b1c8ad1304d97687.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар рафти мулоқот тарафҳо вобаста ба сафари дарпешистодаи сарвазири Покистон Имрон Хон ба Тоҷикистон, ки дар назар аст сафари мазкур моҳи сентябри соли ҷорӣ сурат гирад, гуфтугӯ намуданд.Ҳамзамон зимни мулоқот масъалаҳои баргузор намудани ҷаласаи навбатии Шӯрои муштараки кории Тоҷикистону Покистон ва ташкили Бизнес-форум миёни соҳибкорони ҳарду кишвар дар доираи сафари зикргардида, мавриди баррасии тарафҳо қарор дода шуданд.Инчунин, зимни вохӯрии мазкур, тарафҳо вобаста ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ миёни Тоҷикистон Покистон мубодилаи афкор намудаанд.Таъкид гардидааст, ки барои мусоидат намудан дар тақвияти ҳамкориҳо ва зич намудани иртиботҳо миёни соҳибкорону сармоягузорони кишварҳои якдигар ва иштироки фаъолонаи ширкату корхонаҳои ҳарду ҷумҳурӣ дар намоишгоҳҳо, бизнес-форумҳо ва дигар чорабиниҳои тиҷоратии дар қаламрави кишварҳои якдигар баргузоршаванда, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
https://sputnik.tj/20210602/imron-hon-rahmon-nigaronihoyash-sozish-terror-1039915859.html
душанбе
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102988/38/1029883839_110:0:2841:2048_1920x0_80_0_0_5bab3e5b96faaa8c1ea49f9810f7d70b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
покистон, тоҷикистон, сафари имрон хон, душанбе, сафир, мулоқот
покистон, тоҷикистон, сафари имрон хон, душанбе, сафир, мулоқот
Сафири Покистон тасдиқ кард: моҳи оянда Имрон Хон ба Тоҷикистон меояд
Дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар, баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар рафти мулоқот тарафҳо вобаста ба сафари дарпешистодаи сарвазири Покистон Имрон Хон ба Тоҷикистон, ки дар назар аст сафари мазкур моҳи сентябри соли ҷорӣ сурат гирад, гуфтугӯ намуданд.
Ҳамзамон зимни мулоқот масъалаҳои баргузор намудани ҷаласаи навбатии Шӯрои муштараки кории Тоҷикистону Покистон ва ташкили Бизнес-форум миёни соҳибкорони ҳарду кишвар дар доираи сафари зикргардида, мавриди баррасии тарафҳо қарор дода шуданд.
Инчунин, зимни вохӯрии мазкур, тарафҳо вобаста ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ миёни Тоҷикистон Покистон мубодилаи афкор намудаанд.
Таъкид гардидааст, ки барои мусоидат намудан дар тақвияти ҳамкориҳо ва зич намудани иртиботҳо миёни соҳибкорону сармоягузорони кишварҳои якдигар ва иштироки фаъолонаи ширкату корхонаҳои ҳарду ҷумҳурӣ дар намоишгоҳҳо, бизнес-форумҳо ва дигар чорабиниҳои тиҷоратии дар қаламрави кишварҳои якдигар баргузоршаванда, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.