https://sputnik.tj/20210602/imron-hon-rahmon-nigaronihoyash-sozish-terror-1039915859.html
Имрон Хон ба Раҳмон аз нигарониҳояш гуфт: агар созиш нашавад, террор зиёд мегардад
Имрон Хон ба Раҳмон аз нигарониҳояш гуфт: агар созиш нашавад, террор зиёд мегардад
Sputnik Тоҷикистон
Имрон Хон, сарвазири Покистон дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, сулҳ дар Афғонистонро аз омилҳои муҳими рушди муносиботи ду кишвар хонд
2021-06-02T15:55+0500
2021-06-02T15:55+0500
2021-06-02T16:19+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
афғонистон
покистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/02/1039914488_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_ed8146f1da9169a0dc08db8d9ae745f0.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Сарвазири Покистон, Имрон Хон сулҳ дар Афғонистонро барои рушди муносиботи Покистон ва Тоҷикистон муҳим хонда, таъкид намудаст, ки агар дар ин кишвар созише нашавад, ба зарари ҳарду давлат мебошад. "Покистон ва Тоҷикистон мушкилоти яксон доранд, вақте сухан дар бораи сулҳ дар минтақаи Осиёи Марказӣ меравад", - гуфт сарвазири Покистон.Имрон Хон ҳушдор дод, ки агар дар Афғонистон созише ҳосил нашавад, бо рафтани амрикоиҳо даҳшатафканӣ бештар мегардад. Ӯ таъкид намуд, ки ин на танҳо ба тиҷорат таъсир мерасонад, балки терроризмро дар минтақа афзоиш медиҳад. Сарвазир инчунин аз мушкилоти экологии ҳарду кишвар зикр намуд. Ба мисли Покистон, Тоҷикистон дар масоили об аз пиряхҳояш вобаста аст, ки дар пайи гармшавии глобалӣ ва партобҳои карбон ба хатари нестшавӣ дучор гардидаанд. Имрон Хон дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар Исломобод аз имзои як қатор тафоҳумномаҳои тиҷорӣ, маориф, фарҳанг ва мудофиа истиқбол кард.Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон феълан бо сафари расмии дурӯза дар Покистон қарор дорад. Дар доираи сафар мулоқот бо мақомдорони баландпоя ва баррасии густариши ҳамкориҳо дар назар аст.
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/02/1039914488_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_ccba3526865bdb90e4bd3adaa0d439eb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, имрон хон, покистон, мулоқот, сафар
эмомалӣ раҳмон, имрон хон, покистон, мулоқот, сафар
Имрон Хон ба Раҳмон аз нигарониҳояш гуфт: агар созиш нашавад, террор зиёд мегардад
15:55 02.06.2021 (Навсозишуда: 16:19 02.06.2021) Имрон Хон, сарвазири Покистон дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, сулҳ дар Афғонистонро аз омилҳои муҳими рушди муносиботи ду кишвар хонд
ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Сарвазири Покистон, Имрон Хон сулҳ дар Афғонистонро барои рушди муносиботи Покистон ва Тоҷикистон муҳим хонда, таъкид намудаст, ки агар дар ин кишвар созише нашавад, ба зарари ҳарду давлат мебошад.
"Покистон ва Тоҷикистон мушкилоти яксон доранд, вақте сухан дар бораи сулҳ дар минтақаи Осиёи Марказӣ меравад", - гуфт сарвазири Покистон.
Имрон Хон ҳушдор дод, ки агар дар Афғонистон созише ҳосил нашавад, бо рафтани амрикоиҳо даҳшатафканӣ бештар мегардад.
"Мо гумон мекунем, ки агар дар Афғонистон пас аз рафтани амрикоиҳо ягон созиши сиёсӣ ба даст наояд, ин барои ҳар ду кишварамон зараровар хоҳад буд", - изҳор дошт сарвазири Покистон дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ таъкид намуд, ки ин на танҳо ба тиҷорат таъсир мерасонад, балки терроризмро дар минтақа афзоиш медиҳад.
Сарвазир инчунин аз мушкилоти экологии ҳарду кишвар зикр намуд. Ба мисли Покистон, Тоҷикистон дар масоили об аз пиряхҳояш вобаста аст, ки дар пайи гармшавии глобалӣ ва партобҳои карбон ба хатари нестшавӣ дучор гардидаанд.
Имрон Хон дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар Исломобод аз имзои як қатор тафоҳумномаҳои тиҷорӣ, маориф, фарҳанг ва мудофиа истиқбол кард.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон феълан бо сафари расмии дурӯза дар Покистон қарор дорад. Дар доираи сафар мулоқот бо мақомдорони баландпоя ва баррасии густариши ҳамкориҳо дар назар аст.