https://sputnik.tj/20210813/rusiya-vaksinahoi-sputnik-v-tojikiston-aks-1041623614.html
Русия нахустин бастаҳои ваксинаи “Спутник V”-ро ба Тоҷикистон расонд – акс
Русия нахустин бастаҳои ваксинаи “Спутник V”-ро ба Тоҷикистон расонд – акс
Sputnik Тоҷикистон
Ба Тоҷикистон ҳамчун кумаки башардӯстона 50 ҳазор вояи ваксинаи “Спутник V” дода шуд
2021-08-13T11:25+0500
2021-08-13T11:25+0500
2021-08-13T11:33+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
вҳф русия
спутник
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0d/1041623559_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_5ee185d09cdb656eed80f05637127a75.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг - Sputnik. Тоҷикистон нахустин бастаҳои ваксина бар зидди коронавирус “Спутник V”-и сохти Русияро, дастрас намуд. Ҳавопаймои Вазоати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия субҳи рӯзи 13 август, ба фурудгоҳи Душанбе фуруд омад.Ба Тоҷикистон 50 ҳазор вояи “Спутник V” ҳамчун кумаки башардӯстона ворид карда шуд. Ваксинаро ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар супурданд.Ҳоло маълум нест, ки ваксинаи русӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна тақсим меёбад ва дар куҷо сокинон метавонанд аз ваксинаи сохти Русия тазриқ шаванд.Ваксинаи “Спунтик V”-ро дар Тоҷикистон дер боз интизор буданд. Бисёриҳо дигар ваксинаро мегирифтанду умедвор буданд, ки ваксинаи сохти Русия ба наздикӣ вориди Тоҷикистон мешавад. Шаҳрвандон “Спутник V”-ро нисбат ба дигар ваксинаҳо бехатартар медонанд.Пеш аз ин, танҳо сокинони сарватманди кишвар метавонистанд бо ин ваксина дастрасӣ дошта бошанд. Ваксина танҳо бо як маблағи муайян дастрас буд.Омӯзиши "Спутник V" дар Тоҷикистон дар авоили соли 2021 оғоз шуд. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Русия Владимир Путин дар бораи интиқоли ройгони ваксина ба мувофиқа расида буданд.Ҳоло дар Тоҷикистон метавон ба таври ройгон бар зидди коронавирус аз ваксинаҳои AstraZeneca-и Англия-Шветсия, CoronaVac-и Чин ва Moderna-и Амрико истифода кард.Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 1,5 миллион нафар ваксин гирифтаанд.
https://sputnik.tj/20210811/sputnik-v-vaksin-shtamm-delta-1041597063.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0d/1041623559_121:0:1258:853_1920x0_80_0_0_2297537895b2708414ae543814adb795.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ваксина, спутник v, кумаки башардӯстона, бастаҳо, фурудгоҳ, вҳф русия, ҳавопаймои махсус
тоҷикистон, ваксина, спутник v, кумаки башардӯстона, бастаҳо, фурудгоҳ, вҳф русия, ҳавопаймои махсус
Русия нахустин бастаҳои ваксинаи “Спутник V”-ро ба Тоҷикистон расонд – акс
11:25 13.08.2021 (Навсозишуда: 11:33 13.08.2021) Ба Тоҷикистон ҳамчун кумаки башардӯстона 50 ҳазор вояи ваксинаи “Спутник V” дода шуд
ДУШАНБЕ, 13 авг - Sputnik. Тоҷикистон нахустин бастаҳои ваксина бар зидди коронавирус “Спутник V”-и сохти Русияро, дастрас намуд. Ҳавопаймои Вазоати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия субҳи рӯзи 13 август, ба фурудгоҳи Душанбе фуруд омад.
Ба Тоҷикистон 50 ҳазор вояи “Спутник V” ҳамчун кумаки башардӯстона ворид карда шуд. Ваксинаро ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар супурданд.
Ҳоло маълум нест, ки ваксинаи русӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна тақсим меёбад ва дар куҷо сокинон метавонанд аз ваксинаи сохти Русия тазриқ шаванд.
Ваксинаи “Спунтик V”-ро дар Тоҷикистон дер боз интизор буданд. Бисёриҳо дигар ваксинаро мегирифтанду умедвор буданд, ки ваксинаи сохти Русия ба наздикӣ вориди Тоҷикистон мешавад. Шаҳрвандон “Спутник V”-ро нисбат ба дигар ваксинаҳо бехатартар медонанд.
© Sputnik / Амир ИсаевБорт МЧС РФ доставил в Таджикистан 50 тыс. доз вакцины “Спутник V” Борт МЧС РФ доставил в Таджикистан 50 тыс. доз вакцины “Спутник V”
© Sputnik / Амир ИсаевБорт МЧС РФ доставил “Спутник V” в Таджикистан Борт МЧС РФ доставил “Спутник V” в Таджикистан
© Sputnik / Амир Исаев50 тыс. доз вакцины “Спутник V” доставлены в Таджикистан 50 тыс. доз вакцины “Спутник V” доставлены в Таджикистан
© Sputnik / Амир ИсаевВакцины “Спутник V” были предоставлены Таджикистану в качестве гуманитарной помощи Вакцины “Спутник V” были предоставлены Таджикистану в качестве гуманитарной помощи
© Sputnik / Амир ИсаевВакцина “Спутник V” Борт МЧС РФ доставил в Таджикистан 50 тыс. доз вакцины “Спутник V”
Борт МЧС РФ доставил “Спутник V” в Таджикистан
50 тыс. доз вакцины “Спутник V” доставлены в Таджикистан
Вакцины “Спутник V” были предоставлены Таджикистану в качестве гуманитарной помощи
Пеш аз ин, танҳо сокинони сарватманди кишвар метавонистанд бо ин ваксина дастрасӣ дошта бошанд. Ваксина танҳо бо як маблағи муайян дастрас буд.
Омӯзиши "Спутник V" дар Тоҷикистон дар авоили соли 2021 оғоз шуд. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Русия Владимир Путин дар бораи интиқоли ройгони ваксина ба мувофиқа расида буданд.
Ҳоло дар Тоҷикистон метавон ба таври ройгон бар зидди коронавирус аз ваксинаҳои AstraZeneca-и Англия-Шветсия, CoronaVac-и Чин ва Moderna-и Амрико истифода кард.
Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 1,5 миллион нафар ваксин гирифтаанд.