https://sputnik.tj/20210813/rusiya-tolibon-sharoit-nest-kobul-ishghol-1041627581.html
Русия: Толибон* дар шароите нестанд, ки Кобулро ишғол кунанд
Русия: Толибон* дар шароите нестанд, ки Кобулро ишғол кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷии Русия гуфтааст, ки Толибон* ҳануз қодир ба даст гирифтани Кобул нестанд
2021-08-13T13:30+0500
2021-08-13T13:30+0500
2021-08-13T13:39+0500
афғонистон
гурӯҳи террористии "толибон"
дар русия
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0d/1032617342_0:0:2979:1677_1920x0_80_0_0_96c31393a4ae9fa138501165f3bdb09a.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Забт шудани Қандаҳор аз ҷониби Толибон* маънои онро надорад, ки онҳо омодаанд пойтахти Афғонистонро забт кунанд, мегӯяд, Замир Кабулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, мудири шӯъбаи дуввуми Осиё дар Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар.Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Русия, Толибон* дар ҳолати ишғоли пойтахт нестанд.Ба гуфтаи дипломат, музокироти сулҳ дар Афғонистон "ин ё он тарз хоҳад буд", зеро "Толибон* наметавонанд ва ҳанӯз Кобулро нагирифтаанд."Ин суханон дар ҳоле садо медиҳанд, ки рӯзҳои охир гурӯҳи ҷангиёни Толибон* теъдоди зиёди вилоятҳои Афғонистонро таҳти назорат гирифтанд.Дирӯз Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон* иддао кард, ки ин гуруҳ шаҳри Қандаҳор, маркази вилояти Қандаҳорро пурра таҳти назорат гирифтаанд. Вай гуфт, ки нерӯҳои ин гурӯҳ ба майдони Шаҳидони қисми марказии шаҳр расидаанд.Қаблан мақомоти баландпояи амрикоӣ гуфта буданд, ки агар равиши Толибон* ҳамин қисм идома кунад, онҳо давоми аз 1 то се моҳ идораи пурраи Афғонистонро зери назорати худ хоҳанд даровард.Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
https://sputnik.tj/20210813/suquti-shahr-afghoniston-tolibon-1041622970.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0d/1032617342_190:0:2921:2048_1920x0_80_0_0_b2425eb71143b16414f8e002a7bbb71a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия,толибон*, наметавонанд, кобул, ишғол,
русия,толибон*, наметавонанд, кобул, ишғол,
Русия: Толибон* дар шароите нестанд, ки Кобулро ишғол кунанд
13:30 13.08.2021 (Навсозишуда: 13:39 13.08.2021) Вазорати умури хориҷии Русия гуфтааст, ки Толибон* ҳануз қодир ба даст гирифтани Кобул нестанд
ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Забт шудани Қандаҳор аз ҷониби Толибон* маънои онро надорад, ки онҳо омодаанд пойтахти Афғонистонро забт кунанд, мегӯяд, Замир Кабулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, мудири шӯъбаи дуввуми Осиё дар Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Русия, Толибон* дар ҳолати ишғоли пойтахт нестанд.
"Гирифтани Қандаҳор ҳеҷ чизро намекушояд", - гуфт Кабулов дар посух ба суоли ин ки оё забти Қандаҳор, дуввумин шаҳри бузурги Афғонистон маънои онро дорад, ки роҳи сӯи пойтахт барои Толибон боз шудааст.
Ба гуфтаи дипломат, музокироти сулҳ дар Афғонистон "ин ё он тарз хоҳад буд", зеро "Толибон* наметавонанд ва ҳанӯз Кобулро нагирифтаанд."
Ин суханон дар ҳоле садо медиҳанд, ки рӯзҳои охир гурӯҳи ҷангиёни Толибон* теъдоди зиёди вилоятҳои Афғонистонро таҳти назорат гирифтанд.
Дирӯз Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон* иддао кард, ки ин гуруҳ шаҳри Қандаҳор, маркази вилояти Қандаҳорро пурра таҳти назорат гирифтаанд. Вай гуфт, ки нерӯҳои ин гурӯҳ ба майдони Шаҳидони қисми марказии шаҳр расидаанд.
Қаблан мақомоти баландпояи амрикоӣ гуфта буданд, ки агар равиши Толибон* ҳамин қисм идома кунад, онҳо давоми аз 1 то се моҳ идораи пурраи Афғонистонро зери назорати худ хоҳанд даровард.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.