Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

МакSим аз беморхона мураххас мешавад

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкАкция в поддержку сборной России по футболу
Акция в поддержку сборной России по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Обуна шудан
Намояндаи МакSим гуфт, ки сароянда аз беморхона ҷавоб мешавад ва табобатро дар хона идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. МакSим (Марина Абросимова) рӯзи ҷумъа аз беморхона ҷавоб мешавад ва табобатро дар хона идома медиҳад, менависад РИА Новости аз қавли намояндаи сароянда Маргарита Соколова.
Манбаъ таъкид кард, ки сароянда дар хоназери назорати пизишкони касбӣ хоҳад буд.
Хабари бистарӣ шудани МакSим бо илтиҳоби шуш 19 июн маълум шуд.
Баъдтар, бинобар зарари шадиди шуш ва суст будани нафаскашияш ӯро ба комаи сунъӣ ворид карданд ва ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайвастанд.
Певица MакSим (Марина Абросимова) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
МакSим ба худ омаду паём навишт - ӯ чӣ гуфт
Рӯзи 3 август намояндаи овозхон Маргарита Соколова ба РИА Новости гуфт, ки Абросимова ба худ омад ва аҳволаш беҳ мешавад.
Маълум шуд, кай МакSим аз беморхона мураххас мешавад
Рӯзи 9 август вай аз шӯъбаи эҳё ба палатаи умумӣ интиқол дода шуд. Худи ҳамон рӯз, МакSим аввалин паёми худро дар Instagram пас аз ба худ омадан, нашр кард.
Қаблан табибон бо мақсади то ҳадди имкон барқарор шудани кори шуш ба МакSим сурудхонӣ ва парвоз кардан дар ҳавопайморо ба муҳлати муайян манъ карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0