https://sputnik.tj/20210813/konsulgarii-tojikiston-afghoniston-bast-1041629266.html
Се консулгарии Тоҷикистон дар Афғонистон баста шуданд
Се консулгарии Тоҷикистон дар Афғонистон баста шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрвандони Афғонистон метавонанд дар консулгарии ин кишвар дар Кобул раводиди Тоҷикистонро дарёфт кунанд
2021-08-13T14:45+0500
2021-08-13T14:45+0500
2021-08-13T14:45+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
сиёсат
амният ва мудофиа
афғонистон
толибон
консулгарӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102801/31/1028013121_0:212:2889:1837_1920x0_80_0_0_4a8b69bd28d6a672aaee7df268c8a6a7.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Тоҷикистон консулгариҳои худро дар бархе аз шаҳрҳои Афғонистон мебандад. Дар ин бора аз Вазорати корщои хориыии кишвар дар сущбат бо дар суҳбат бо РИА Новости гуфта шудааст.Ҳамин тариқ, намояндагиҳои Тоҷикистон дар Мазори Шариф, Файзобод ва дар вилояти Бадахшон фаъолияташонро муваққатан қатъ мекунанд. Чунин чораҳо дар робита ба муноқишаи мусаллаҳона байни артиши Афғонистон ва ҳаракати радикалии Толибон*, андешида шудаанд. Илова бар ин, вазорат хабари баъзе расонаҳоро дар бораи боздоштани додани раводиди Тоҷикистон ба шаҳрвандони Афғонистон рад кард. Ба гуфти намояндаи раёсат, консулгарии ҷумҳурӣ дар Кобул корашро идома медиҳад ва дар онҷо ҳуҷҷатҳои лозимаро гирифтан мумкин аст. Эрон низ намояндагии худро аз Мазори Шариф ба пойтахт кӯчонд. Қаблан танҳо дар ин шаҳр ҳафт консулгарии хориҷӣ баста шуд. Намояндагии Ӯзбекистон корашро идома дод, аммо додани раводидро қатъ кард. Ёдовар мешавем, ки ҳангоми забти Мазори Шариф аз ҷониби Толибон* дар соли 1998 - 11 дипломати хориҷӣ ва як хабарнигори эронӣ кушта шуданд. Афғонистон: Шойгу ва Байден ба муқовимат даъват мекунанд, аммо бо роҳҳои гуногунВа соли 2016 дар ин шаҳр дар назди консулгарии Олмон таркиш ба амал омад, ки ҷони 6 нафарро гирифт. Ҳамзамон 120 шаҳрванд маҷрӯҳ шуданд.
https://sputnik.tj/20210710/konsuliho-mazori-sharif-tark-1040789004.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102801/31/1028013121_79:0:2810:2048_1920x0_80_0_0_fcbc36560f46d32e32d0099183d3cc18.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
консулгарии тоҷикистон, афғонистон, баста шудан
консулгарии тоҷикистон, афғонистон, баста шудан
Се консулгарии Тоҷикистон дар Афғонистон баста шуданд
Шаҳрвандони Афғонистон метавонанд дар консулгарии ин кишвар дар Кобул раводиди Тоҷикистонро дарёфт кунанд
ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Тоҷикистон консулгариҳои худро дар бархе аз шаҳрҳои Афғонистон мебандад. Дар ин бора аз Вазорати корщои хориыии кишвар дар сущбат бо дар суҳбат бо
РИА Новости гуфта шудааст.
Ҳамин тариқ, намояндагиҳои Тоҷикистон дар Мазори Шариф, Файзобод ва дар вилояти Бадахшон фаъолияташонро муваққатан қатъ мекунанд.
Чунин чораҳо дар робита ба муноқишаи мусаллаҳона байни артиши Афғонистон ва ҳаракати радикалии Толибон*, андешида шудаанд.
"Мо маҷбурем консулгариҳои худро дар Мазори Шариф, Файзобод ва Бадахшон бинобар рӯйдодҳои ахири Афғонистон, бо сабабҳои амниятӣ бандем",-гуфтанд дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Илова бар ин, вазорат хабари баъзе расонаҳоро дар бораи боздоштани додани раводиди Тоҷикистон ба шаҳрвандони Афғонистон рад кард.
Ба гуфти намояндаи раёсат, консулгарии ҷумҳурӣ дар Кобул корашро идома медиҳад ва дар онҷо ҳуҷҷатҳои лозимаро гирифтан мумкин аст.
Эрон низ намояндагии худро аз Мазори Шариф ба пойтахт кӯчонд. Қаблан танҳо дар ин шаҳр ҳафт консулгарии хориҷӣ баста шуд. Намояндагии Ӯзбекистон корашро идома дод, аммо додани раводидро қатъ кард.
Ёдовар мешавем, ки ҳангоми забти Мазори Шариф аз ҷониби Толибон* дар соли 1998 - 11 дипломати хориҷӣ ва як хабарнигори эронӣ кушта шуданд.
Ва соли 2016 дар ин шаҳр дар назди консулгарии Олмон таркиш ба амал омад, ки ҷони 6 нафарро гирифт. Ҳамзамон 120 шаҳрванд маҷрӯҳ шуданд.