https://sputnik.tj/20210710/konsuliho-mazori-sharif-tark-1040789004.html
“Ҳама рафтанд, ба ҷуз Тоҷикистон”: консулиҳо Мазори Шарифро тарк мекунанд
“Ҳама рафтанд, ба ҷуз Тоҷикистон”: консулиҳо Мазори Шарифро тарк мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Манобеъ мегӯянд, консулиҳои кишварҳои хориҷӣ дар Мазори Шариф, шаҳри муҳимтарини шимоли Афғонистон фаъолиятҳояшонро қатъ карданд 10.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-10T10:03+0500
2021-07-10T10:03+0500
2021-07-10T10:05+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
амният ва мудофиа
афғонистон
осиёи марказӣ
консулгарӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/07/1040733343_0:192:2958:1856_1920x0_80_0_0_cb98edb01deb42215fa23ce63b779435.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Як манбаъ дар Шӯрои вилоятии вилояти Балх ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз 9 кишваре, ки дар Мазори Шариф консулӣ доштанд, фақат ду кишвар дарҳои худро набастаанд.Аз соли 2001 ба ин сӯ дар Мазори Шариф 9 кишвар - Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Покистон, Эрон, Русия, Ҳинд, Туркия, Олмон ва Туркманистон консулгариҳои худро боз карда буданд.Дар гузашта ҳаводиси хунине бо консулиҳои хориҷӣ дар Мазори Шариф иттифоқ афтода буд. Маргбортарини онҳо 8 августи 1998 рух дод, ки пас аз забти Мазори Шариф аз сӯи Толибон 11 дипломат бо иттифоқи як хабарнигори эронӣ кушта шуданд. Ҳодисаи дигар инфиҷори мина дар назди консулии Олмон дар шаҳри Мазори Шариф буд, ки 10 ноябри 2016 рух дод ва 6 нафарро куштаву 120 тани дигарро захмӣ ба ҷой гузошт. Тоҷикистон моҳи январи соли 2002 пас аз суқути Толибон дар Кобул сафорат ва баъдтар дар Мазори Шарифу шаҳрҳои Кундузу Файзободи Афғонистон консулиҳои худро боз кард. Соли 2016 консулиҳо дар Кундузу Файзободро “ба далоили амниятӣ” муваққатан баста буд.
https://sputnik.tj/20210709/tolibon-afghoniston-navor-1040786041.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/07/1040733343_115:0:2844:2047_1920x0_80_0_0_7b289471f137bd9ff8fc1291de579c79.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон толибон мазори шариф
афғонистон толибон мазори шариф
“Ҳама рафтанд, ба ҷуз Тоҷикистон”: консулиҳо Мазори Шарифро тарк мекунанд
10:03 10.07.2021 (Навсозишуда: 10:05 10.07.2021) Манобеъ мегӯянд, консулиҳои кишварҳои хориҷӣ дар Мазори Шариф, шаҳри муҳимтарини шимоли Афғонистон фаъолиятҳояшонро қатъ карданд
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Як манбаъ дар Шӯрои вилоятии вилояти Балх ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз 9 кишваре, ки дар Мазори Шариф консулӣ доштанд, фақат ду кишвар дарҳои худро набастаанд.
“Вақте аз онҳо суол шуд, гуфтанд, ки мо муваққатан маъмуриятамонро ба Кобул мекӯчонем. Дақиқан, сабабашро нагуфтанд, аммо эҳтимолан ин ба вахомати авзоъ дар вулусволиҳо ва ҳам муҳосира шудани шаҳри Мазори Шариф бастагӣ дорад. Консулгарии Ӯзбекистон нима фаъолият мекунад, масалан, судури визаро қатъ кардааст, ки яке аз вазифаҳои муҳимаш аст. Амалан, консулгарии Тоҷикистон пурра фаъолият дорад”, - гуфт манбаъ.
Аз соли 2001 ба ин сӯ дар Мазори Шариф 9 кишвар - Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Покистон, Эрон, Русия, Ҳинд, Туркия, Олмон ва Туркманистон консулгариҳои худро боз карда буданд.
Дар гузашта ҳаводиси хунине бо консулиҳои хориҷӣ дар Мазори Шариф иттифоқ афтода буд. Маргбортарини онҳо 8 августи 1998 рух дод, ки пас аз забти Мазори Шариф аз сӯи Толибон 11 дипломат бо иттифоқи як хабарнигори эронӣ кушта шуданд.
Ҳодисаи дигар инфиҷори мина дар назди консулии Олмон дар шаҳри Мазори Шариф буд, ки 10 ноябри 2016 рух дод ва 6 нафарро куштаву 120 тани дигарро захмӣ ба ҷой гузошт.
Тоҷикистон моҳи январи соли 2002 пас аз суқути Толибон дар Кобул сафорат ва баъдтар дар Мазори Шарифу шаҳрҳои Кундузу Файзободи Афғонистон консулиҳои худро боз кард. Соли 2016 консулиҳо дар Кундузу Файзободро “ба далоили амниятӣ” муваққатан баста буд.