Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Толибон* эълон карданд, ки писари маршал Дӯстумро асир гирифтаанд

© AP / Aijaz RahiВице-президент Афганистана генерал Абдул-Рашид Дустум, архивное фото
Вице-президент Афганистана генерал Абдул-Рашид Дустум, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2021
Обуна шудан
Ҳанӯз таъйиди расмии боздошти писари раҳбари ӯзбекҳо дар Афғонистон вуҷуд надорад
ДУШАНБЕ, 12 август - Sputnik. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот пайдо шуд, ки писари раҳбари барҷастаи низомии Афғонистон маршал Дӯстум ба дасти ҷангҷӯён асир гирифта шудааст.
Тавре Sputnik Афғонистон гузориш медиҳад, ки чунин маълумотро аккаунтҳои тарафдори Толибон* паҳн мекунанд.
Гуфта мешавад, ки ӯ ҳамроҳ бо дигар сарбозон дар фурудгоҳи Шибирғон, маркази вилояти Ҷузҷон таслим шудааст.
Аммо расонаҳои расмӣ ва ниҳодҳо ин маълумотро тасдиқ намекунанд. Ба гуфтаи онҳо, Дӯстуми хурдӣ ҳоло ҳам дар ҷойҳои дигари ин вилоят бо Толибон* меҷангад.
Маршал Абдул Рашид Дустум, лидер Исламского движения Афганистана, сегодня вернулся в страну - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Маршал Дӯстум: Толибон* ин дафъа наметавонанд аз Шимол фирор кунанд - видео
Ёдовар мешавем, ки маршал Дӯстум чанде пеш аз Туркия баргашт. Аз он вақт инҷониб Толибон* хонаи ӯро оташ задаанд.
Худи Дӯстум рӯзи чоршанбеи гузашта гуфта буд, ки Толибон* дар шимоли кишвар шикаст хоҳанд хӯрд. Фармондеҳи афғон ишора кард, ки сокинони шимоли Афғонистон бар зидди ҷангҷӯён қиём хоҳанд кард.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0