Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Маршал Дӯстум: Толибон* ин дафъа наметавонанд аз Шимол фирор кунанд - видео

© Twitter / khate-nakhostМаршал Абдул Рашид Дустум, лидер Исламского движения Афганистана, сегодня вернулся в страну
Маршал Абдул Рашид Дустум, лидер Исламского движения Афганистана, сегодня вернулся в страну - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Обуна шудан
Раҳбари ҳизби Ҷунбиш, ки барои раҳбарии мубориза бо Толибон* ба вилояти Балх назди Ато Муҳаммад Нур рафта буд, ба зарурати саркӯб кардани ҷангҷӯён таъкид кард.
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Маршал Абдулрашид Дӯстум, раҳбари ҳизби Ҷунбиш, дар як суханронии кӯтоҳ ба расонаҳои Афғонистон гуфт, ки Толибон* чанд маротиба дар шимол ба дом афтодаанд, аммо фирор кардаанд.
Ӯ таъкид кард, ки ин дафъа Толибон* наметавонанд аз шимол биёянд ва бо сарнавишти Мулло Фозил рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Мулло Фозил, ки ҳоло узви гурӯҳи музокироти Толибон* аст, қаблан фармондеҳи ин гуруҳ дар шимол буд, ки пас аз суқути Толибон* ба маршал Дӯстум таслим шуда буд.
Аммо, маршал Дӯстум мегӯяд, ки Толибон* бояд саркӯб карда шаванд ва чанд амалиёт дар Форёб, Тахор, Ҷузҷон ва Балх алайҳи ин гурӯҳ оғоз шавад.
Ба гуфтаи маршал Дӯстум, мардум шӯриши умумимиллиро алайҳи Толибон* оғоз мекунанд.
Ӯ ба Толибон* хитоб карда, гуфт: "Боз инҳо сари ман даъво накунанд, ки ин ҷо маршал Дӯстум - он вақт генерал мегуфтанд, ки моро ин тавру он тавр кард. Асир кушта шуд. Ҳамон қисм мешавад".
Маршал Абдулрашид Дӯстум дар бораи суқути вилояти Ҷузҷон, зодгоҳаш гуфт, ки ӯ дар кишвар набуд ва ин вилоят суқут кард.
Ба гуфтаи Дӯстам, агар ӯ дар ин кишвар мебуд, Толибон* бо дастгирии Покистон наметавонистанд Ҷузҷонро бигиранд.
Ато Муҳаммад Нур ва Ашраф Ғанӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Сафари дигарбораи Ғанӣ ба назди Ато: тақдири шимоли Афғонистонро баррасӣ мекунанд
Ёдовар мешавем, шаҳри Шибирғон, маркази вилояти Ҷузҷон, чаҳор рӯз пеш ба дасти Толибон* афтод.
Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Маршал Дӯстум ва Муҳаммад Муҳаққиқ субҳи 11 август ба Балх рафтанд. Дар нишасте, ки субҳи чаҳоршанбе дар Мазори Шариф баргузор шуд, Балх чигуна сафарбар ва муҷаҳҳаз кардани нирӯҳои ошӯби мардумиро баррасӣ кард.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0