https://sputnik.tj/20210812/tojikiston-vaksina-alayhi-covid-1041618153.html
Дар Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион нафар алайҳи COVID-19 ваксина гирифт
Дар Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион нафар алайҳи COVID-19 ваксина гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион нафарро бар зидди коронавирус эм кардаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи Тоҷикистон.
2021-08-12T19:46+0500
2021-08-12T19:46+0500
2021-08-12T19:52+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
дар тоҷикистон
тандурустӣ
вазорати тандурустӣ
эмгузаронӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/01/1040574619_0:84:1601:984_1920x0_80_0_0_69fea52d84effeb7be59098e91b5cdad.jpg
ДУШАНБЕ, 12 авг – Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион нафарро бар зидди коронавирус эм кардаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии Тоҷикистон.Тибқи гузориши ин ниҳод, то 11 август 1 миллиону 541 ҳазору 475 нафар бар зидди COVID-19 эм карда шудаанд. Танҳо рӯзи 11 август дар Тоҷикистон 60 ҳазору 823 нафар эм карда шуданд. Қобили зикр аст, ки тибқи қарори ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба муқобила бо паҳншавии COVID-19 аз 3 июл, эмкунии зидди коронавирус барои шахсони аз 18 сола боло ҳатмӣ мебошад. Вазорати тандурустӣ аз шаҳрвандоне, ки ваксина нагирифтаанд, даъват мекунад, ки барои эм шудан ба пизишкони оилавӣ ё марказҳои саломатӣ (поликлиникаҳо) -и маҳалли зисташон муроҷиат кунанд. Ваксинаю доруҳои тоҷикии "зидди коронавирус": Раҳимӣ аз истеҳсоли 12 намуд гуфтҲоло ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 4 миллион вояи ваксинаҳои AstraZeneca, CoronaVac ва Moderna ворид шудааст. Дар ояндаи наздик интиқоли ваксинаи сохти русии Sputnik V дар назар аст.
https://sputnik.tj/20210811/sputnik-v-vaksin-shtamm-delta-1041597063.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/01/1040574619_88:0:1511:1067_1920x0_80_0_0_1379c042d8dfa3084bef1e8c4a7c52b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вируси корона, тоҷикистон, эмгузаронӣ
вируси корона, тоҷикистон, эмгузаронӣ
Дар Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион нафар алайҳи COVID-19 ваксина гирифт
19:46 12.08.2021 (Навсозишуда: 19:52 12.08.2021) Тибқи қарори ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба муқобила бо паҳншавии COVID-19 аз 3 июл, дар Тоҷикистон эмкунии зидди коронавирус барои шахсони аз 18 боло ҳатмӣ мебошад.
ДУШАНБЕ, 12 авг – Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион нафарро бар зидди коронавирус эм кардаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии Тоҷикистон.
Тибқи гузориши ин ниҳод, то 11 август 1 миллиону 541 ҳазору 475 нафар бар зидди COVID-19 эм карда шудаанд.
"Ҷузъи дуввуми ваксинаро то санаи зикргардида беш аз 130 ҳазор нафар гирифтанд", - гуфтанд дар Вазорати тандурустӣ.
Танҳо рӯзи 11 август дар Тоҷикистон 60 ҳазору 823 нафар эм карда шуданд.
Қобили зикр аст, ки тибқи қарори ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба муқобила бо паҳншавии COVID-19 аз 3 июл, эмкунии зидди коронавирус барои шахсони аз 18 сола боло ҳатмӣ мебошад.
Вазорати тандурустӣ аз шаҳрвандоне, ки ваксина нагирифтаанд, даъват мекунад, ки барои эм шудан ба пизишкони оилавӣ ё марказҳои саломатӣ (поликлиникаҳо) -и маҳалли зисташон муроҷиат кунанд.
Ҳоло ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 4 миллион вояи ваксинаҳои AstraZeneca, CoronaVac ва Moderna ворид шудааст.
Дар ояндаи наздик интиқоли ваксинаи сохти русии Sputnik V дар назар аст.