https://sputnik.tj/20210723/parvand-justuju-rasmi-padar-sughd-1041132624.html
Ҳабси 12 ва кофтукоби 81 фарзандгурез дар Суғд: алимент намесупоранд
Ҳабси 12 ва кофтукоби 81 фарзандгурез дар Суғд: алимент намесупоранд
Sputnik Тоҷикистон
Масъулони Раёсати хадамоти иҷро нисбати 81 сокини вилояти Суғд, бинобар насупоридани алимент ё қарзи фарзандонашон кофтукоб эълон намудааст
2021-07-23T18:15+0500
2021-07-23T18:15+0500
2021-07-23T19:15+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
парванда
фарзанд
падар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/01/1032000474_0:0:1347:759_1920x0_80_0_0_343ec9038ec668d69d8f1b6e75d642ca.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл – Sputnik. Амонзода Алиҷон Собир, сардори Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ имрӯз бо зикри ин нукта гуфт, ин теъдод сокинон дар пардохти алимент барои фарзандони худ қарздоранд, вале макони зисти онҳо номаълум аст. Ӯ гуфт, шояд баъзеҳо барои сарпечӣ намудан аз пардохти алимент дониста макони зисташонро тағйир додаанд, аммо бо ин роҳ онҳо худашонро фиреб медиҳанд. Бино ба иттилоъи ӯ, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар Суғд, бинобар саривақт пардохт накардани маблағи алимент ва саркашӣ намудан аз супоридани маблағи қарзи ҷамъгардидаи алимент, алайҳи 115 нафар ба унвонии ба мақомоти прокуратура пешниҳодҳо ирсол карда шуд.Номбурда гуфт, дар асоси ҳукмҳои судӣ нисбати 12 нафар ҷазои маҳрум намудан аз озодӣ, нисбати 43 тан корҳои ислоҳӣ ё ҳатмӣ ва нисбати 2 нафар пардохти ҷарима таъин карда шудааст. Амонзода ҳамзамон гуфт, ки алҳол 21 ҳазору 533 адад истеҳсолотҳои иҷро вобаста ба рӯёнидани маблағи алимент дар назорати иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар шаҳру навоҳии Суғд ва иҷрочиёни Хадамоти ҳарбӣ дар суди гарнизони Хуҷанд мавриди иҷроиши давравӣ қарор дорад.Қаблан Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон низ ситондани алименту маскун карданро аз ҷумлаи мушкилоте хонд, ки иҷрочиёни кишвар бо он дучор мешавандНомбурда гуфт, баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон танҳо дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ 11 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маблағи алимент ситонида шуд.Роҳбарияти Хадамоти иҷро яке аз роҳҳои ҳалли мушкили рӯёндани алиментро дар кишвар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон хонд.
https://sputnik.tj/20210701/tarbiyai-farzand-zuri-bozu-1040561366.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/01/1032000474_0:0:1203:902_1920x0_80_0_0_538609c9565cd37f798c2d127d460537.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
парванда, ҷустуҷӯ, падар, фарзандбезор, суғд
парванда, ҷустуҷӯ, падар, фарзандбезор, суғд
Ҳабси 12 ва кофтукоби 81 фарзандгурез дар Суғд: алимент намесупоранд
18:15 23.07.2021 (Навсозишуда: 19:15 23.07.2021) Масъулони Раёсати хадамоти иҷро нисбати 81 сокини вилояти Суғд, бинобар насупоридани алимент ё қарзи фарзандонашон кофтукоб эълон намудааст
ДУШАНБЕ, 23 июл – Sputnik. Амонзода Алиҷон Собир, сардори Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ имрӯз бо зикри ин нукта гуфт, ин теъдод сокинон дар пардохти алимент барои фарзандони худ қарздоранд, вале макони зисти онҳо номаълум аст.
Ӯ гуфт, шояд баъзеҳо барои сарпечӣ намудан аз пардохти алимент дониста макони зисташонро тағйир додаанд, аммо бо ин роҳ онҳо худашонро фиреб медиҳанд.
"Барои иҷрои ҳукми суд ва ҳимояи ҳуқуқу манфиятҳои фарзандони ноболиғ, нисбати 81 сокини шаҳру навоҳии Суғд бо ҳукми суд кофтукоб эълон карда шудааст”, - таъкид намуд Амонзода.
Бино ба иттилоъи ӯ, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар Суғд, бинобар саривақт пардохт накардани маблағи алимент ва саркашӣ намудан аз супоридани маблағи қарзи ҷамъгардидаи алимент, алайҳи 115 нафар ба унвонии ба мақомоти прокуратура пешниҳодҳо ирсол карда шуд.
Номбурда гуфт, дар асоси ҳукмҳои судӣ нисбати 12 нафар ҷазои маҳрум намудан аз озодӣ, нисбати 43 тан корҳои ислоҳӣ ё ҳатмӣ ва нисбати 2 нафар пардохти ҷарима таъин карда шудааст.
Амонзода ҳамзамон гуфт, ки алҳол 21 ҳазору 533 адад истеҳсолотҳои иҷро вобаста ба рӯёнидани маблағи алимент дар назорати иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар шаҳру навоҳии Суғд ва иҷрочиёни Хадамоти ҳарбӣ дар суди гарнизони Хуҷанд мавриди иҷроиши давравӣ қарор дорад.
Қаблан Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон низ ситондани алименту маскун карданро аз ҷумлаи мушкилоте хонд, ки иҷрочиёни кишвар бо он дучор мешаванд
Номбурда гуфт, баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон танҳо дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ 11 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маблағи алимент ситонида шуд.
Роҳбарияти Хадамоти иҷро яке аз роҳҳои ҳалли мушкили рӯёндани алиментро дар кишвар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон хонд.