https://sputnik.tj/20210811/takzib-tavaqquf-miyoni-eron-afghoniston-1041594474.html
Такзиби таваққуфи тиҷорат миёни Эрону Афғонистон
Такзиби таваққуфи тиҷорат миёни Эрону Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти гумруки Эрон хабарҳо дар мавриди комилан мутаваққиф шудани тиҷорат бо Афғонистонро такзиб кард
2021-08-11T15:15+0500
2021-08-11T15:15+0500
2021-08-11T15:15+0500
дар ҷаҳон
иқтисод
афғонистон
эрон
савдо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102666/70/1026667008_0:113:2047:1264_1920x0_80_0_0_308bf504cfedd70414b77aa13a0a4f46.jpg
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Сайид Руҳуллоҳ Латифӣ, сухангӯи гумруки Эрон гуфт, ҳаракати мошинҳои боркаши содиротӣ дар марзҳои "Доғарун" -и Хуросони Разавӣ ва "Моҳируд" дар Хуросони Ҷанубӣ ба Афғонистон идома дорад.Бино ба гузориши Sputnik Афғонистон бо такя ба Сайид Руҳуллоҳ Латифӣ, раванди тиҷорат дар гузаргоҳи марзии “Моҳируд” афзоиш ёфтааст ва беш аз 500 мошини боркашон ҳар рӯз ба мошинҳои боркаши Афғонистон интиқол дода мешаванд.Таъкид шудааст, ки дар гузаргоҳи марзии “Доғарун “ тақрибан 250 мошини боркаш рӯзона борҳои тоҷиронро ба масири Афғонистон интиқол медиҳанд.Ин дар ҳолест, ки ахиран Ҳусейн Салимӣ, раиси утоқи муштараки бозаргонии Эрон ва Афғонистон дар бораи вазъи тиҷорати ду кишвар дар рӯзҳои охир гуфт, ки даргириҳо, ҳамалоти Толибон* (созмони мамнӯъ дар қаламрави Русия) ба нерӯҳои ҳукуматӣ дар пайи бомбаборони Афғонистон аз сӯи ИМА, тиҷорат миёни ду кишвар комилан қатъ кардааст.Салимӣ дар ин замина шарҳ дода буд, ки хавфи тиҷорат дар ин шароит хеле боло аст ва чӣ фурушандагони эронӣ ва чӣ харидорони дохили Афғонистон ҳозир ба қабули ин хавф нестанд. Зеро маълум нест, ки боре ба дохили Афғонистон меравад ба дасти харидор бирасад ё хайр. Аз тарафи дигар, ин борҳо бима ҳам надоранд ва мавзӯъ мизони хавфро бисёр афзоиш медиҳад, таъкид намуда буд Салимӣ.*созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210811/pentagon-tolibon-90-ruz-kobul-ishghol-1041589611.html
афғонистон
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102666/70/1026667008_0:0:1823:1367_1920x0_80_0_0_f06cc5d341e2fe348ef0fcca1450fed6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гумрук, мақомот, тиҷорат,
гумрук, мақомот, тиҷорат,
Такзиби таваққуфи тиҷорат миёни Эрону Афғонистон
Мақомоти гумруки Эрон хабарҳо дар мавриди комилан мутаваққиф шудани тиҷорат бо Афғонистонро такзиб кард
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Сайид Руҳуллоҳ Латифӣ, сухангӯи гумруки Эрон гуфт, ҳаракати мошинҳои боркаши содиротӣ дар марзҳои "Доғарун" -и Хуросони Разавӣ ва "Моҳируд" дар Хуросони Ҷанубӣ ба Афғонистон идома дорад.
Бино ба гузориши Sputnik Афғонистон бо такя ба Сайид Руҳуллоҳ Латифӣ, раванди тиҷорат дар гузаргоҳи марзии “Моҳируд” афзоиш ёфтааст ва беш аз 500 мошини боркашон ҳар рӯз ба мошинҳои боркаши Афғонистон интиқол дода мешаванд.
Таъкид шудааст, ки дар гузаргоҳи марзии “Доғарун “ тақрибан 250 мошини боркаш рӯзона борҳои тоҷиронро ба масири Афғонистон интиқол медиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Ҳусейн Салимӣ, раиси утоқи муштараки бозаргонии Эрон ва Афғонистон дар бораи вазъи тиҷорати ду кишвар дар рӯзҳои охир гуфт, ки даргириҳо, ҳамалоти Толибон* (созмони мамнӯъ дар қаламрави Русия) ба нерӯҳои ҳукуматӣ дар пайи бомбаборони Афғонистон аз сӯи ИМА, тиҷорат миёни ду кишвар комилан қатъ кардааст.
Салимӣ дар ин замина шарҳ дода буд, ки хавфи тиҷорат дар ин шароит хеле боло аст ва чӣ фурушандагони эронӣ ва чӣ харидорони дохили Афғонистон ҳозир ба қабули ин хавф нестанд. Зеро маълум нест, ки боре ба дохили Афғонистон меравад ба дасти харидор бирасад ё хайр. Аз тарафи дигар, ин борҳо бима ҳам надоранд ва мавзӯъ мизони хавфро бисёр афзоиш медиҳад, таъкид намуда буд Салимӣ.
*созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигар